Доналд Трамп гунаҳгоронеро, ки бо ҷурми онҳо ӯ дар интихобот шикаст хӯрдааст, номбар кард. Дар ин бора Lenta.ru бо истинод ба хабаргузории РИА «Новости» иттилоъ додааст.
Бино ба гуфти ӯ, ширкатҳои бузурги фармасевтӣ ва технологӣ, инчунин васоити ахбори омма шикасти ӯро дар интихобот хостаанд. Барои ин онҳо пеш аз интихобот рекламаи манфиеро, ки арзишаш миллионҳо доллар будааст, роҳандозӣ кардаанд. “Лекин, медонед, мо инро хоҳем фаҳмид. Қариб аз 74 миллион овоз”, — таъкид кардааст Трамп.
Инчунин, ӯ бузургтарин истеҳсолкунандаи дору – «Pfizer»-ро муттаҳам кардааст, ки дидаю дониста аризаро дар бораи муваффақияти ваксинаи дар якҷоягӣ бо BioNTech-и Олмон таҳияшуда ба таъхир гузоштаанд, то имкони пирӯзии ӯ наафзояд.
Қаблан Трамп пирӯзии Ҷо Байденро дар интихобот интиқом барои таҳкими робитаҳояш бо Русия дар соли 2016 номид. Тибқи иттилои СNN бо истинод аз атрофиёни президент, Трамп дар бораи шикаст хӯрданаш медонад, вале дидаю дониста раванди интиқоли қудратро ба президенти нави ИМА Ҷо Байден ба таъхир меандозад. Ба ин минвол, ӯ мехоҳад аз демократҳо, ки вазъиятро шарҳ додаанд, интиқом гирад.
Бояд гуфт, ки 3-юми ноябри соли 2020 дар ИМА интихоботи президентӣ гузашта буд. Ҳисобкунии овозҳо ва даъвоҳо сари ин масъала ҳанӯз ҳам идома дорад. Бино ба иттилои расонаҳо, номзад аз ҳизби демократи ИМА Ҷо Байден овозҳои лозимаро барои ғолиб омадан ба даст овард, ки бо ин аз Трамп гузашта буд. Ӯ аллакай худро ҳамчун перзиденти ИМА муариффӣ кард. Трамп бошад, дар ин баробар гуфтааст, ки Байден дар муаррифии худ ба ҳайси президенти кишвар шитоб кардааст.
Гулрӯ Суҳробзода