Президенти ИМА Доналд Трамп бо дархости муҳофизони худ толори матбуотиро тарк кард. Баъдтар маълум шуд, ки сабаби ин амали Трамп тирпаронӣ дар назди Кохи Сафед будааст.

Тирпарронӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки Трамп ба хабарнигорон дар бораи муваффақияти иқтисодии ИМА нақл мекард. Ногоҳ яке аз кормандони хадамоти махсус ба назди ӯ омада, чизеро барояш фаҳмонд. Баъди суҳбат бо он корманд Трамп толорро тарк карда, пас аз чанд дақиқа ба назди хабарнигорон баргашта, гуфт, дар назди Кохи Сафед тирпарронӣ рух додааст.

Расонаҳои амрикоӣ хабар додаанд, ки пулиси ин кишвар ҷинояткорро захмӣ кардааст. Ҳоло ӯ дар беморхонаи донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон қарор дорад.

Дар робита ба ин ҳодиса Трамп изҳори назар карда гуфтааст, шояд ин ҳодиса ба ӯ умуман рабт надошта бошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here