Президенти Америка, ки ба Сеул сафар кардааст, дар парлумони Кореяи Ҷанубӣ суханронӣ кард ва бештари суханронии худро ба изҳорот зидди Кореяи Шимолӣ бахшид.

Трамп бо ишора ба таърихи нимҷазира ба хитоб ба Кореяи Шимолӣ, ки аз муҳиммтарин дағдағаҳои вай дар ин сафар будааст, пардохт ва афзуд, ки мардуми Кореяи Шимолӣ дар ранҷи гуруснагӣ ба сар мебаранд ва бисёре аз онҳо аз гуруснагӣ мемиранд. Вай Кореяи Шимолиро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам кард ва зимни маҳкум кардани он, ҳукумати ин кишварро як «диктатори золимона» хонд.

Трамп ба раҳбарони Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод, ки Америкаро дасти кам нагиранд ва саъй накунанд, ки қудрати Америкаро имтиҳон кунанд.

Трамп изофа кард: «Мо иҷозат нахоҳем дод, ки муттаҳидонамон мавриди тохту тоз ва ҳамла қарор бигиранд. Мо иҷозат нахоҳем дод, ки бадтарин ҷиноятҳои таърих дар инҷо такрор шаванд. Ҷаҳон як режими саркаши бомбаҳои ҳастаии харобкунандадоштаро таҳаммул нахоҳад кард. Ҳама кишварҳо ва миллатҳои масъул бояд неруҳои худро барои ба эътидол овардани ин режими ёғиву ваҳшӣ муттаҳид кунанд ва аз ҳимояту таъйид ин режим худдорӣ кунанд».

Гуфта мешавад, ки 550 нафар дар ин суханронӣ ҳозир буданд. Намояндагони парлумон, дипломатҳои хориҷӣ ва меҳмононе, ки тавассути давлати Америка даъват шуда буданд, аз наздик суханронии Трампро гӯш карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here