5-уми апрел як ҳайати Ҷумҳурии исломии Эрон таҳти раёсати вазири хориҷаи ин кишвар Муҳаммад Ҷавоб Зариф вориди Тошканд шуд.

Дар ҷараёни ин дидор муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои миёни ду кишвар дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, инвеститсионӣ, нақлиётӣ-луҷистикӣ ва амсоли он барномарезӣ шудааст.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон иттилоъ додааст, зимни анҷоми дидору мулоқотҳои ҳайатҳои ду кишвар бо дарназардошти манофеи тарафайн масъалаҳои дорои характери минтақавӣ ва байналмилалӣ  низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Моҳи ноябри соли гузашта сафири томулихтиёри Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тошканд Ҳамид Найрободӣ масъалаи аз байн бардоштани низоми раводиди миёни кишвараш бо Ӯзбекистон ва коҳиши боҷи гумрукиро дар миён гузошта буд. Ҳамзамон Найрободӣ ба итмом расонидани корҳои лоиҳаи Созишнома дар бораи имтиёзҳои тиҷоратиро низ ёдовар шуда, афзудааст, ки ҳаҷми табодули моли миёни ду кишварро бояд беш аз пеш афзоиш дод.

Бино ба хабарҳои расида 10 феврали соли равон дастандаркорони ширкати ҳавонавардии «Iran Aseman Airlines» масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои чартерии байни шаҳрҳои Теҳрон-Тошканд ва Теҳрон-Бухороро ба манфиати ҳарду кишвар арзёбӣ кардаанд. Ба таъкиди онҳо дар ояндаи наздик ба роҳ мондани парвозҳои доимии ҳавопаймоҳои байни Теҳрон ва ин ду шаҳри Ӯзбекистон  низ аз эҳтимол холӣ нахоҳад буд. Интизор меравад, ки вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон Ҷавод Зариф дар дидору мулоқот бо мақомоти марбутаи Ӯзбекистон ин масъалаҳоро низ матраҳ хоҳад кард.

Сафари ин мақоми баландпояи эронӣ бо дидор аз Тошканд анҷом нахоҳад ёфт ва вай сафашро дар Осиёи Марказӣ идома хоҳад дод. Гуфта мешавад, ки оқои Зариф дар доираи ин сафар аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ боздид хоҳад кард ва бо мақомоти марбутаи ин кишварҳо вориди мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳад шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here