“МегаФон Тоҷикистон” васеъкунии шабакаи толорҳои фирмавиро дар вилояти Суғд идома медиҳад. Нуқтаҳои нави фурӯш дар шаҳри Панҷакент ва ҷамоати Суҷинаи Панҷакент кушода шуданд. Теъдоди зиёдтари сокинон имкони ҳалли масъалаҳои “мобилӣ”-и худро дар назди хонаҳояшон пайдо намуданд.

Айни замон шабакаи фурӯши “МегаФон” дар вилояти Суғд 13 толори фирмавӣ ва 25 идораи хизматрасониро дар бар мегирад. Дар толори алоқа метавон аз ҳамаи хизматрасониҳои ширкат: пайвасткунии SIM-корт, пуркунии ҳисоби мобилӣ, дастраскунии дастгоҳи мобилӣ, хариди корти экспресс-пардохт истифода намуда, инчунин, аз мутахассис доир ба интихоби тарофаҳо ва опсияҳои муфид машварат гирифт.

“Мо хеле хуб дарк мекунем, ки барои муштариёни мо на танҳо эътимоднокии алоқа, балки сифати хизматрасонӣ низ муҳим аст. Ба ҳамин далел мо пешниҳоди хизматгузории баландсифатро ба ҳар мизоҷ, новобаста аз макони иқомати ӯ, бигзор шаҳр бошад, ё кадом нуқтаи аҳолинишини дигар, мо ҳадафи худ пеша кардаем”, — қайд менамояд роҳбари шуъбаи тиҷоратии раёсати минтақавии ширкати “МегаФон” дар вилояти Суғд Ҷамшед Нишонбоев.

Идораҳои хизматрасонӣ ва толорҳои фирмавии “МегаФон Тоҷикистон” дар ҳамаи марказҳои маъмурии ноҳияҳои вилояти Суғд ҷойгир мебошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here