Бо шоир ва журналист Нормурод Каримзода ошноии дерина дорам. Вай дар сину сол аз ман бузургтар аст. Ҳар вақт рӯ ба рӯи ҳам оем, ба вай “устод” гӯён муроҷиат мекунам. Бори охир ӯро дар ҷашнвораи яке аз дӯстони самарқандиамон — Неъматҷон Раҳматов вохӯрдам. Ин ҷашнвора таҳти раёсати  ӯ гузашт.   Ногуфта намонад, ки соҳибҷашнро дар шаҳри Самарқанд “Неъмат-тоҷик” ном мебаранд.

Субҳи рӯзи дигар бо Нормурод Каримзода чанд лаҳза суҳбат кардем. Вай гуфт, ки ба маркази ноҳияи Самарқанд равем ва суҳбатамонро ҳамон ҷо давом диҳем. Ба мошини Неъматака нишастем ва дар як зум худро дар маркази ин ноҳия дарёфтем.

— Маркази ноҳияи мо сол аз сол ободу зебо мегардад. Биноҳои замонавӣ сохта мешаванд ва ба шукӯҳи он шукӯҳи тоза зам мекунанд, — бо ифтихор гуфт Нормурод Каримзода. — Хубии кор дар ҳамин аст, ки аз маркази шаҳри Самарқанд то маркази ноҳияи мо ҳамагӣ ҳашт-даҳ дақиқа вақт сарф мешавад.

Мошини мо дар назди як бинои дуошёна таваққуф намуд. Идораи “Гулобод тонги” (Субҳи Гулобод) дар ҳамин ҷо будааст. Он ба ду забон-ӯзбекӣ ва тоҷикӣ нашр мешавад. Нахуст ин рӯзнома соли 1957 ба номи “Самарқанд ҳақиқати”(Ҳақиқати Самарқанд) чоп шудааст. Соли 1962 номашро ба “Шарқ тонги”(Субҳи Шарқ) табдил додаанд. Аз моҳи майи соли 2004 номи “Гулобод тонги” ё “Субҳи Гулобод”-ро гирифтааст.

Дар ин шароит ағлаби рӯзномаҳои соири шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои Ӯзбекистон ба ҳафтанома табдил ёфтаанд. Ҳатто баъзе нашрияҳо ҳафтаҳо ва моҳҳо рӯи чопро намебинанд. Аммо ҳар ҳафта нашр шудани “Субҳи Гулобод” дар чунин шароити танги иқтисодӣ хеле ҳодисаи хурсандибахш мебошад.

— Биёед,  акнун ба дохили бино медароем. Шароити кори моро шумо низ бубинед. Мо дар бобати таъмини кормандон бо маводу ашёи корӣ хеле зиёд пешрафтҳо кардем, ки барои ин заҳмати зиёд сарф шудааст, — изҳор намуд Нормурод Каримзода ва маро ба ошёнаи дуввуми бино роҳбаладӣ кард.

Гумон намекардам, ки “Субҳи Гулобод” дар маркази ноҳия соҳиби чунин бинои хуб шуда бошад. Намои берунаи он низ диққатҷалбкунанда буд. Чаро чунин мегӯям? Ҳангоми сафарҳои хидматӣ ва диду боздидҳои дигар аз як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳатман ба идораи рӯзномаҳо саре мезанам ва бо кормандони он суҳбату мулоқотҳо доир мекунам. Зимнан мебинам, ки аҳволи иқтисодии баъзе аз ин рӯзномаҳои ба ҳафтаномаву моҳнома табдилёфта чандон хуб нест. Ду сол қабл ҳафтаномаи “Садои Сӯх”-и ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона моҳҳои зиёд аз нашр бозмонд. Хушбахтона, баъди баланд шудани сару садоҳои зиёд ва расонидани кумакҳои молӣ дубора ба нашри худ идома дод. Як замон масъулияти саҳифаи тоҷикии рӯзномаи “Риштон ҳақиқати”(Ҳақиқати Риштон) бар дӯши ман буд. Он ҳастае се маротиба мебаромад. Ин саҳифа низ ҳудуди бисту панҷ сол мешавад, ки аз нашр бозмондааст.

Бо Нормурод Каримзода рафта-равон суҳбатамонро давом медодем.

— Яке аз соҳибкорони маҳаллӣ барои сохтани ин бино шурӯъ намуд. Баъд бо ӯ, ки ҷавонмарди дидадаро будааст, машварат кардем, ки якбора дар ин қитъаи замини барои ӯ ҷудокардаи ҳокимият бинои дуошёна созем, зеро пайдо кардани чунин ҷойи мувофиқ дар маркази ноҳия барои мо кори басо мушкил ва дандоншикан аст. Гуфтем, ки хароҷоти сохтумони ошёнаи дуввуми биноро мо бар дӯш мегирем. Соҳибкор розӣ шуд,-гуфт ӯ.

Дарвоқеъ, дар шароити кунунӣ бархе аз рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ба касод мувоҷеҳ мебошанд. Аммо муҳаррироне, ки корчаллону ӯҳдабароянд, барои худ ва кормандонашон шароити созгор фароҳам овардаанд, ки Нормурод Каримзодаро ба ҳайси мисоли равшани ин гуфтаҳо муаррифӣ метавон кард.

Ёдовар мешавам, ки дар ноҳияи Олтириқи вилояти Фарғона бо гурӯҳи журналистону блогнависони маҳаллӣ сафари матбуотӣ анҷом медодем. Маълум шуд рӯзномаи ин ноҳия, ки нашрияи ҳокимияти маҳаллӣ мебошад, кайҳо табъу нашрашро мутаваққиф сохтааст. Он ҳатто бино надоштааст, барои ҳамин кормандонаш кайҳо ба чаҳор тараф пароканда шуда рафтаанд ва сари кори дигареро гирифтаанд. Ҳокими ин ноҳия ваъда дод, ки сар аз соли нави 2021 нашрия дубора арзи ҳастӣ хоҳад кард. Маълум нест, ки ин ваъда дар амал татбиқ шуд ё на.

Дар се соли охир, хусусан, баъди он ки сарпарастони вазорату идораҳои Ӯзбекистон, аз ҷумла вазорати таълими халқ эълон кард, ки обуна маҷбурӣ нест, чандин рӯзномаи давлативу хусусӣ ба коми нестӣ рафтанд, зеро хонандагони нашрияҳоро асосан омӯзгорон, табибон ва дигарон ташкил мекарданду мекунанд. Бархе аз рӯзномаҳо ба моҳнома табдил ёфтанд, аммо “Субҳи Гулобод” аз зумраи ҳафтаномаҳое муаррифӣ мешавад, ки бо вуҷуди бӯҳрони иқтисодӣ ҳаргиз нашрашро мутаваққиф накардааст.

— Мо муштариёни садоқатманд дорем. Онҳо дар шароити коронавирус низ моро танҳо нагузоштанд. Ҳоло ҳафтаномаи мо дар формати А-2 ба теъдоди 2 ҳазору 565 нусха мебарояд. Дар байни ҳафтаномаҳои зиёди шаҳриву ноҳиявии вилояти Самарқанд ва берун аз он шояд нашрияи мо бо бурдборӣ пеш меравад ва ба муштариён маводи табъи дил интишор менамояд, — гуфт бо хотири ҷамъ Нормурод Каримзода.

Ба ошёнаи дуввум баромадем. Даҳлези калон бо лавҳаҳои зиёд оро ёфта буд. Ҳар кадоми он ба воситаи аксҳо ва матнҳо як пораи таърихи ин ҳафтаномаро бозтоб медод. Яке аз лавҳаҳо ном ва аксҳои муҳаррирони собиқи он Аҳмадҷон Раҷабов (1957-1959), Насим Чориев (1959-1962), Насриддин Зайниев (1962-1990), Эркин Азаматов (1990-1994), Абдусалом Муҳаммадалиев (1994-1998) ва Шодӣ Мирмаҳмадов (1998-2009)-ро мунъакис менамуд.

— Онҳо обрӯ ва эътибор, ҳамзамон устодони аҳли қалами ноҳияи Самарқанд маҳсуб меёбанд ва дар рушду ривоҷи матбуоти тоҷикиву ӯзбекӣ саҳми калон гузоштаанд, — изҳор намуд Нормурод Каримзода.

Ҳамсуҳбати мо, ки шоир ва журналисти ботаҷриба, аз соли 2009 ба ин сӯ муҳаррири “Субҳи Гулобод” мебошад. Як гурӯҳ журналистон ва кормандони фаннӣ дар таълифи мақолаҳо ва нашри он саҳм мегузоранд. Тошпӯлод Юсупов (котиби масъул), Бекзод Қодиров (аккос),  Дилрабо Насимова (масъули саҳифаи тоҷикӣ), Оятуллоҳ Назиров (саҳифабанд-дизайнер), Азиза Самадова (муҳандиси мошини ҳисобкунии электронӣ), Назифа Ровеева ва дигарон ин ҳафтаномаро ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ барои муштариён тақдим мекунанд.

Маълум шуд, ки масъули саҳифаи тоҷикӣ Дилрабо Насимова риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намудааст.  Аввал дар рӯзномаи “Овози Самарқанд” кор кардааст. Баъд барои кори доимӣ ба ҳафтаномаи “Субҳи Гулобод” гузаштааст. Дилрабо Насимова шоираи кӯдакон аст ва чанд маҷӯмаи шеърҳояшро интишор ва ба мухлисонаш тақдим намудааст.

Саҳифаҳои ҳафтаномаро варақ мезадаму медидам, ки ин журналисти тоҷики ноҳияи Самарқанд хеле фаъол аст ва маводи ҷолибу хонданӣ менависад.

— Дилрабои моро дар вилояти Самарқанд хеле хуб мешиносанд. Вай талош меварзад, ки матолиби қаламиҳояш ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи муштариён қарор гиранд. Саҳифаи тоҷикиро як худаш ӯҳда мекунад. Ҳоло барои ҷалби мухбирони деҳот низ як идда корҳоро анҷом доданӣ аст. Ман ба ҳайси муҳаррир аз кори вай хеле хурсандам, — мегӯяд Нормурод Каримзода.

“Субҳи Гулобод” бо муассисии Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Самарқанд ва ҳокимияти ин ноҳия ба нашр мерасад. Гуфта шуд, ки идораи ҳафтанома дархостҳои муштариёнро ҳаргиз нодида намегирад. Ходимони он талош меварзанд, ки дар бораи мушкилот ва масъалаҳои ҳалношудаи мардум бонги изтироб зананд ва дар ҳаллу фасли он мусоидат намоянд.

— Нисбат ба ҳафтаномаву рӯзномаҳои дигар коҳиш надидани теъдоди нашр дар ин шароити бӯҳронӣ маҳз саъй ва кӯшишу заҳматҳои ходимонамон ва вафодории муштариёни арҷмандамон мебошад,-тазаккур дод Нормурод Каримзода.

— Мебинам, ки дар ҳар як шумора  ҳафтаномаи шумо рекламаву эълонҳои зиёд нашр мекунад. Ба ин чӣ гуна муваффақ мешавед?

— Албатта, дар ин замон бидуни реклама нашрия наметавонад арзи ҳастӣ кунад ва муваффақона корашро пеш барад. Он дастовардҳое, ки шумо мебинед, ҳаргиз худ аз худ ба даст наомадаанд. Мухбирони мо зимни боздиду мулоқотҳо бо мардум, хусусан равшанфикрону равшанзамирон, адибону қаламкашон, соҳибкорону тоҷирон  хаста нашуда корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мебаранд, маълумоти лозимаро барояшон ироа мекунанд ва аз онҳо даъват менамоянд, ки ҳаргуна шодбошиҳо, эълонҳо ва рекламаи маҳсулоташонро ба воситаи саҳифаҳои “Субҳи Гулобод” метавонанд анҷом диҳанд.

— Пас, дар ин самт ходимони шумо талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд?

— Бале. Мо аллакай аз моҳи август ба мавсими обуна сахтакак машғул мешавем. Чунки вақт ҳамеша ғанимат аст ва онро аз даст додӣ, нақдро аз даст додӣ. Барои ҳамин байни мардум мегардем ва тарғиб мекунем, ки нашрия аз они онҳост ва ба дастгирӣ ва обунашавии онҳо хелениёзманд мебошад. Маҳз бар ҳамин асос мо соҳиби маблағе мешавем, ки ҳам ҳафтанома ба нашр расад, ҳам мусоидат менамояд, ки маоши кормандонро дар вақташ пардозем,-мегӯяд муҳаррири “Субҳи Гулобод”.

Аз даҳлез як-як вориди хонаҳо шудам. Ҳамаи хонаҳо тозаву озода буданд. Фарши хонаҳоро қолинҳо зеб медоданд. Дар ҳақиқат, ин ҳол шаҳодат медод, ки вазъи молии ҳафтаномаи “Субҳи Гулобод” хуб аст. Мизу курсиҳо низ комилан нав буданд. Дар ҳамаи хонаҳо барои ходимон компютерҳо гузошта шудаанд.

— Се саҳифаро ба забони давлатӣ нашр мекунем. Як саҳифаи маводамон ба забони тоҷикӣ интишор меёбад, — гуфт Нормурод Каримзода

— Бо ҳамсояҳои тоҷикистонии худ робитаву ҳамкориҳоро чи гуна ба рҳ мондаед?

— Ҳамеша бо онҳо дар робитаи қавӣ қарор дорем. Бо ҳамтоёни панҷакентии худ дидору мулоқотҳои зиёд анҷом додем ва ин раванд беш аз пеш доман фарох хоҳад кард. Баровардани саҳифаҳои муштараки ҳафтаномаи “Субҳи Гулобод” ва нашрияи ҳокимияти шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои дигари бо вилояти Самарқанд ҳаммарзи Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.

— Ин баъди кушода шудани роҳ ва барқарор гаштани равуои байни ду кишвар аст?

— Бешак. Он рӯзҳоро ҳеч кас аз хотир зудуда намекунад, чунки мардум ончунон шодиву хурсандӣ карданд, ки таърихашро башар надидааст гӯғям муҳобот нахоҳад шуд. Барои чунин фароҳамоварии имконият ба сарварони ҳарду давлат ибрози сипосу минатдорӣ мекунам, — мегӯяд бо хушҳолии том ҳамсуҳбатам Нормурод Каримзода.

Дарвоқеъ, барои хонданиву ҷаззоб шудани матолиби ҳафтанома саҳми журналистони шинохтаи самарқандӣ Зоҳир Ҳасанзода, Озод Ҳамидзода, нависандагон Адаш Истад, Бахтиёри Ҷумъа, шоир ва ношир Асадуллоҳ Исмоилзода ва дигарон хеле калон аст.

— Ман соли 1968 мактаби миёнаи рақами 16-ро хатм кардам. Баъд чаҳор сол дар факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории Самарқанд таҳсил намудам ва онро бо дипломи имтиёзнок хатм кардам. Дар он ҷо аз соли 1976 то ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамроҳ шудани донишкада дар кафедраи фалсафа кор кардам. Фаъолияти худро дар рӯзномаи “Овози тоҷик” давом додам. Баъд ба яке аз мактабҳои ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд ба кор даъват шудам ва маҷбур шудам, ки ба мактаби таҳсилкардаам баргардам. Дар он ҷо аз забону адабиёти тоҷик дарс додам,-мегӯяд Нормурод Каримзода.

Вай илова кард, ки 27 сол директори Хонаи эҷодии бачагони ноҳияро бар дӯш дошт. Соли 1996 дар ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо баъши маънавият ва маърифат ифтитоҳ ёфт ва ӯ фаъолияти меҳнатиашро он ҷо давом дод.

Соли 2004 ҳукумат Нормурод Каримзодаро бо медали “Шӯҳрат” сазовор гардонд. Вай академики ифтихории Академияи фанҳои Тӯрон мебошад. Ҳудуди 15 китоби шеъру ҳикояҳо интишор намудааст. Соли 2009 ҳокими вақти ноҳияи Самарқанд Баҳодур Саъдуллоеви тоҷиктабор ӯро ба утоқаш даъват карда гуфтааст, ки минбаъд мақоми муҳарририи рӯзномаи “Субҳи Гулобод” бар дӯши ӯст. Соли дувоздаҳум аст, ки ин вазифаро анҷом медиҳад.

Ногуфта намонад, ки ба теъдоди беш аз дуним ҳазор нусха ба чоп расидани “Субҳи Гулобод” аз заҳмати муҳаррир ва ходимони ӯ шаҳодат медиҳад. Ҳоло ҳатто рӯзномаи ҷумҳуриявии “Овози тоҷик”, ҳафтаномаи “Садои Сӯх” ва бархе аз нашрияҳои дигар дар соли нави 2021 ин теъдоди муштариёнро фаро нагирифтаанд. Аммо интизор меравад, ки сар аз моҳи феврал теъдоди муштариёни “Овози тоҷик” ва “Садои Мӯх” ба чанд карат хоҳад афзуд.

Мирасрор Аҳроров, хабарнигори “Фараж”,

Тошканд-Самарқанд-Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here