Бо мақсади содир намудани нерӯи барқ ба хориҷи кишвар, 2-юми май ширкати “Барқи тоҷик”-и Тоҷикистон бо ширкати “Ӯзбекистон МЕТ”-и Ӯзбекистон шартномае имзое кард, ки мутобиқи он дар давоми моҳҳои май – сентябри соли равон Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя нерӯи барқ медиҳад.

Тибқи иттилои дарёфта, айни замон амалиёти содиротӣ тавассути ду хати баландшиддати 220кВт иҷро карда мешавад. Созишнома, инчунин, зиёд кардани воридотро тавассути шабакаи 500кВт барои давраи зиёд шудани талабот бо нерӯи барқ ва об дар фасли тобистон пешбинӣ мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here