Варзишгардухтари тоҷик Соҳиба Азизова рӯзҳои 15-16-уми феврал дар мусобиқаи байнанмилалие, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуд, иштирок карда, ду ҷоизаи ин мусобиқаро ба даст овард.

Ӯ баъди анҷоми мусобиқа 15-уми феврал ба Ватан баргашт. Дар фурӯдгоҳи байнанмилалии шаҳри Душанбе Соҳибаро наздикону пайвандон ва дӯстонаш бо як пазироии гарм истиқбол гирифтанд.

Соҳиба 21-сола буда, айни замон донишҷӯйи соли сеюми риштаии журналистии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз даҳсолагӣ дар намуди варзиши аспсаворӣ ва санъати ҷангварӣ тамрин мекунад. Аввалин маротиба Соҳиба соли 2008 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда буд. Пас аз он соли 2011 дар мусобиқаи аспсаворие, ки дар Обхозистон баргузор гашт, барои гирифтани ҷоиза рақобат кард.

Соҳиба Азизова ҳангоми сӯҳбат бо вебгоҳи хабарии Faraj.tj дастоварди навбатиаш дар мусобиқаи аспсавории Ӯзбекистонро натиқаи талошҳои пайвастааш донист.

— Аз хурдӣ ба ин навъи варзиш шавқ доштам. Бо вуқуди чанд бор аз асп афтиданаму захм бардоштанам, ман тамрини худро қатъ намекардам, — мегӯяд Соҳиба. — Натиқаи ин талошҳоям буд, ки дар мусобиқаҳои байнанмилалӣ тавонистам ҷойи намоёнро гирам.

Ба қавли Соҳиба агар шахс ба иҷрои коре бипардозаду аз таҳти дил аз пайи анҷоми он шавад, метавонад ба ҳама гуна дастовардҳо ноил шавад.

Соҳиба дар мавриди мусобиқаи охиронаш гуфт, ки ӯ аз тарафи президенти федератсияи “Ozbek jang sanity” даъват шуда буд.

Дар мусобиқаи байнанмилалии аспсаворӣ 10 кишвари Осиё иштирок карданд.

— Он дар сатҳи хуб доир гардид, — гуфт Соҳиба. — Тавонистам, дар ду намуди варзиш — аспсаворӣ ва санъати ҷангии ин мусобиқа ширкат варзида, соҳиби ҷойи аввал гардам. Албатта, ин дастоварди на танҳо ман, балки кулли кишвар мебошад.

Дар мавриди лаҳзаи ҷоизасупорӣ ва парафшонии парчами Тоҷикистон Соҳиба таъкид намуд, ӯро ҳиссиёте фаро гирифта, ки онро фақат худи варзишгар медонаду халос.

— Вақте парчами миллатамро парафшон дидам, ғурури миллии ман боло гирифт,  ки он замон худро хушбахттарин шахс эҳсос кардам, — илова намуд Соҳиба дар идомаи сӯҳбат.

Ҳоло Соҳиба дар маҷмӯаи варзишии “Аҳмад-сила” зери роҳбарии мураббӣ Бахтиёр Худойдодов тамрин дорад. Дар оянда мехоҳад дар мусобиқаҳои бонуфузтари қора иштирок кунад ва парчамбардори ватан бошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here