Ширкати Tcell маблағгузориро барои рушду тақвияти шабакааш дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад. Марҳилаи навбатии таҷдиду навсозии шабака ба бунёди 6 пойгоҳи стандарти 3G дар ВМКБ: дар навоҳии Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон ва Ишкошим рост омад.
Ҳамагӣ тайи чанд рӯзи ба фаъолият оғоз намудани ин пойгоҳҳо беш аз 700 муштарӣ ба онҳо пайваст шуда, ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ва имконоти бемаҳдуди он дастрасӣ пайдо карданд.
Бо шарофати дастрасӣ ба интернети мӯътадил аз Tcell, сокинони ноҳияҳои мазкур, ки дар он ҷойҳо пойгоҳҳои нав насб гардидаанд, ба шабака васл шуда, аз имконоти фарогири Интернет ҳангоми муошират, табодули иттилоот ва омӯзиш дар ҷаҳони глобалӣ бархӯрдор мешаванд.
Бо кӯмаки тарофа ва опсияҳои «Паёмрасонҳои бемаҳдуд» ва «Шабакаҳои иҷтимоии бемаҳдуд» онҳо ҳамеша бо пайвандону наздикон дар иртибот қарор хоҳанд дошт. Тафсилот: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/unlimited-options.php
Ба шароити мушкил ва дурдастии кӯҳистон нигоҳ накарда, ширкати Tcell ба тақвияту такмили шабака дар ин манотиқ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд ва барои сокинон имкониятҳои тозаи фанновариро муҳайе месозад. Тсеll ҳамвора барои рушду тавсеаи шабакаи инфрасохтори худ сармоягузорӣ мекунад.