Ширкати Tcell ба ҷуфтҳое, ки мехоҳанд, “Рӯзи ошиқон”-ро ба гунаи романтикӣ қайд намоянд, туҳфаҳои арзишманд пешниҳод мекунад.  Барои беҳтарин изҳори ишқу муҳаббат ба ҳамсаратон дар шабакаҳои  иҷтимоӣ, шуморо “сюрприз”-и Тсеll, сафари хотирмон ба Истамбул, интизор аст.

Ширкати Tcell дар иртибот ба Рӯзи ошиқон дар шабакаҳои иҷтимоӣ озмуни вижа “Tcell Love” баргузор кардааст. Муҳити диҷитол (рақамӣ) ҳар сония дар ҳоли пешрафт аст: Интернет ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар кадоме аз мо гардидааст. неотъемлемой частью жизни каждого из нас. Ширкати Тсеll дар ростои талош барои тавсеаи муҳити диҷитол  пешниҳод менамояд, ки ба ҷуфт (ҳамсар)-и худ мустақим изҳори муҳаббат кунед.

Шарти асосии озмун- ироаи акс бо дӯстдоштаатон ва ибрози назар дар бораи ишқу муҳаббат, бахт ва саодати хонаводагӣ асту бас. Шумо метавонед дар мавриди шиносоӣ, зиндагӣ ва порае аз хотироти беҳтаринатон қисса карда, онро ирсол намоед. Tcell акс ва навиштаи шуморо дар бораи дӯстдоштаатон ба нашр мерасонад!

Ягона маҳдудият барои ширкат дар озмун ин аст, ки иштирокчиён набояд аз 16-сола хурдтар бошанд. Яъне, онҳое, ки аз ин бузургсолтаранд, ҳаққи ширкат дар озмунро доранд.

Бар асоси натиҷаи ниҳоии озмун 3 ҷуфти ғолиб- барандаи озмун интихоб хоҳанд шуд. Иштирокчие, ки ҷойи аввалро мегирад, соҳиби чиптаи ҳавопаймои рафту баргашт барои ду нафар ба шаҳри зебову нотакрори Истамбул мегардад! Ҷуфте, ки мақоми дуввумро ишғол менамояд, бо мукофоти арзишманд- смартфони тамғаи Xiaomi Note 6 Pro ва ҷуфте, ки барандаи ҷои сеюм мешавад, соҳиби роҳхат ба SPA, инчунин ғизои романтикии шомгоҳ дар меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe мешаванд!

Озмун рӯзи 1 феврал дар саҳифаи расмии Tcell дар Facebook шурӯъ гардид. Тайи чанд рӯз беш аз 150 ҷуфти зебо, ошиқи якдигар, меҳрубон ва хушбахт иштирокчии озмун гардида, ҳар лаҳза теъдоди онҳо рӯ ба афзоиш дорад!

Озмун то 14 феврали соли 2019 идома ёфта, маҳз дар ҳамин рӯз қабули аксҳо анҷом меёбад. Исми ғолибони озмун рӯзи 20-феврал дар саҳифаҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон хоҳад шуд. Агар Шумо ошиқи ҳамсаратон ҳастед, ӯро дӯст медоред, муҳаббатонро ба каси дигар тақсим намекунед, ё қиссаи зебое доред, марҳамат ширкат намоед! Истамбул интизори Шумост!

Озмун “Tcell Love” дар чаҳорчӯби фаъолияти ширкат дар ростои тақвияти муҳити диҷитол ва ҷалби корбарон роҳандозӣ мешавад. Талоши ширкати Tcell ҷиҳати рушди муҳити рақамӣ (диҷитол), ҷалби муштариён ва ба ин васила рушди муҳити диҷитол дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here