Зиёда аз 10000 навраси Тоҷикистон дар Лигаи футболи  хурдсолон  — “Футбол ба назди шумо меояд”, ки бо дастгирии Tcell амалӣ мешавад, ширкат карданд.

Лоиҳаи “Футбол ба назди шумо меояд” аз соли 2013, аз тарафи Лигаи хурдсолону наврасони Тоҷикистон амалӣ мегардад, ки соҳиби ҷоизаҳои байналмиллалӣ гаштааст. Соли ҷорӣ, барои Лигаи хурсолону наврасони Тоҷикистон, соли панҷум ба ҳисоб меравад, вале ин нахустин солест, ки тамоми Тоҷикистонро дар бар мегирад.

“Футбол ба назди шумо меояд” ба бачаҳо имконият фароҳам меорад, то бо дастаҳои наздиҳавлигии худ  дар ин озмун, ки ҳамин гуна дастҳоро ҷамъ овардааст, қувваозмоӣ кунанд.

Tcell бо ин дастгирии лигаи хурдсолону наврасон саҳми худро ба зиндагии солими насли наврас мегузорад. 

Лигаи мазкур аз 20 январ  оғоз гардида, дар тамоми гушаҳои Тоҷикистон идома дорад. Дар он метавонанд писарону духтарони аз синни 6 то 12-сола иштирок кунанд.

Дар Душанбе озмун дар 20 маҳулла бо ҷалби қариб 3000 нафар ҷараён дорад. Дар вилояти Суғд — дар шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд, Конибодом, Ашт ва Бустон 1500 нафар дар ин лоиҳа иштирок менамоянд. 2000 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ дар Турсунзодвву Ваҳдат, Ҳисору Норак ва ғайра дар доираи ин лоиҳа футболбозӣ мекунанд. Шумораи зиёди иштирокчиён аз вилояти Хатлон ба ҳисоб мераванд, ки зиёда аз 4000 нафар ҳастанд. Дар вилояти мазкур лоиҳа дар шаҳрхои Қурғонтеппа, Кулоб, Восеъ, Фархор, Данғара, Муъминобод ва ғайра амалӣ мегардад.

Ҳадафи асосии лоиҳа ҷалб намудани наврасон ба бозии футбол ва тарзи ҳаёти солим аст. “Федерасияи футболи Тоҷикистон ҳамеша дар кушиши он аст, ки наврасонро дастгирӣ намояд. “Футбол ба назди шумо меояд” – барои хурдсолон иди футбол аст. Танҳо бо омода сохтани ҳамин гуна лоиҳаҳо метавон наврасонро ба тарзи ҳаёти солим ҷалб сохта ва аз хурдсоли онҳоро ба варзиш ҳидоят намуд. Мо ба ширкати “Tcell” ва махсусан ба роҳбари ширкат — Озодхон Давлатшоев миннатдории худро баён менамоем” – мегуяд  директори Лигаи хурсолону наврасон Увайдо Давлатбеков.

Дар вилояти Бадахшони Куҳӣ бинобар сард будани ҳаво, лоиҳа моҳи апрел оғоз мегардад.

Даври финалӣ низ моҳи апрел сурат гирифта, дастаҳои беҳтарин муайян мукофотонида мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here