Яке аз ҳадафҳои асосии ширкат ин хизматрасонии боисифат аст. Таъмин намудани хизматрасони маҳз аз марказҳои хизматрасонӣ оғоз меёбад. Ширкати Tcell дар саросари Тоҷикистон шумораи чунин марказҳоро зиёд мекунад.

Зиёда аз 8 нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ дар Турсунзодаву Рашт, Душанбеву Бохтар, Хоруғу Сарбанд фаъолияти худро оғоз намудаанд. Мувофиқи нақша, дар моҳи оянда, шумораи чунин марказҳо ба 30 адад хоҳад расид.

Васеъ намудани нуқтахои хизматрасонӣ барои сокинонои мазеъҳои дурдаст айни муддаост. Ширкат, аввалан талаботи аҳолиро ба назар гирифта, ба кушодани чунин нуқтаҳо камар бастааст. Масалан, дар Турсунзода, ки аҳолии он ба 300 ҳазор нафар расидааст, ин 3-юмин марказест, ки ба кор шуруъ намудааст. Ифтитоҳи маркази 4-ум низ дар нақша аст.

Дар нуқтаҳои мазкур муштариён метавонанд симкорт харидорӣ намуда, ба тарофаи дилхоҳи худ пайваст шаванд. Мутахассисони ширкат ба онҳо дар интихоби тарофа, пайваст намудани интернет ва ғайра ёрӣ мерасонанд.

Суроғаҳои марказҳои нави хизматрасонии ширкати Тселл:

•         ш. Турсунзода – куч. Парпиев

•         н. Рашт – куч. И. Сомони (автовокзал)

•         Душанбе – микрорайони 33

•         Душанбе – куч. А. Ҷомӣ (бозори Дустӣ)

•         Бохтар – майдони марказӣ

•         Хоруғ – куч. Ленин

•         Данғара – куч . Тағоев

•         Сарбанд – куч. Борбад  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here