Оператори навовар ва пешсафи кишвар – ширкати Tcell ҳамчун анъана шарики кишварии конфронси T&DFEST дар бахши идоракунии кадрҳо, таълим ва тавсеа шудааст. Tcell аз ҳамаи хоҳишмандон даъват менамояд, ки ба ин чорабинии байналмилалӣ комилан ройгон ҳамроҳ шаванд.
Конфронси байналмилалии T&DFEST ҳамоиши тахассусӣ-соҳавӣ дар бахши идораи кадрҳо, омӯзиш ва рушд мебошад. Имсол ин конфронс рӯзҳои 5-6 ноябр ба таври онлайн баргузор гардида, ба мавзӯи «Upgrade таълими корпоративӣ» бахшида мешавад.
Tcell роҳбарон ва менеҷерони ширкатҳо, мутахассисони бахши кадрҳо, намояндагони шӯъбаҳои омӯзиш ва такмили ихтисос, мураббиён, масъулини барномаҳои таълимӣ ва муаллимон, инчунин онҳоеро, ки барояшон рушди инфиродӣ ва касбӣ муҳим аст, даъват менамояд, ки ба ҳамоиш бипайванданд.
Иштирок дар конфронс комилан ройгон буда, сабти ном тавассути пайванди зер: http://trainfest.kz мумкин аст.
Мавзӯи » Upgrade омӯзиши корпоративӣ» бо чанд сабаб интихоб шудааст. Соли 2020 барои ҳама соли осон набуд. Корхонаҳо, тиҷорат, равандҳо, одамон ва умуман фаъолияти корӣ ба гунаи нав ҷараён гирифт. Тағйирот ба ҳама бахшҳо таъсир расонд. Тиҷорат қариб пурра ба диҷитол (рақамӣ) майл кард. ҲАМА чиз таҷдид мешавад: сохтору равандҳо, равобит ва муносибатҳо. Ҳоло зарурати тағйир, навсозӣ ва беҳсозӣ ба вуҷуд омадааст.
Ин бори аввал нест, ки Tcell Business Academy дар ин конфронс ширкат мекунад. Имсол дар баробари коршиносони байналмилалӣ дар бахши омӯзишу таълим ва такмили кадрҳо, роҳбари Академияи тиҷорати Tcell Элдар Аблаев низ дар конфронс суханронӣ хоҳад карда, бо иштирокчиён васоити амалӣ ва таҷоруби Tcell -ро мубодила менамояд.