Tcell, бузургтарин ширкати телекомуникатсионӣ дар Тоҷикистон, сабки наву динамикии худро, ки хусусияти навоварона ва рӯҳияи иноватсионӣ дорад, муаррифӣ кард.
Пештози телекоммуникатсия бо пешниҳоди намо ва ё худ чеҳраи нави зоҳирӣ барои нахустин бор дар тӯли даҳсолаи ахир бузургтарин тағйирот — ивази тамғаи молӣ (ребрендинг)-ро анҷом дод. Тсеll бо ранги шинохташаванда ва бунафши равшан, рамз (логотип)-аш монанд ба “кураи замин”-ро ҳамчун тамғаи наву босифат, мутобиқ ба талаботи муосир дар ҳалли роҳбурдҳои мобилию интернетӣ пешниҳод месозад. Тарроҳии олии логотип аз боз будан ва дастрас будани номи тиҷҷорӣ, инчунин содиқ будан ба мавқеи худ дар айёми таҳаввулоти ҷаҳонии бахши телекоммуникатсия дарак медиҳад.
Сабки аккосии тоза ва графикаи ранга ба ҷавонтарин муштариёни Tcell, ки интизориву суръат ва дарку эътимодашон ба трендҳои байналмилалӣ аст, барои ширкати Tcell ҷиҳати рушди оянда бетаъсир намонд.
Намуди зоҳирии ҷадиди тамғаи молӣ бо дарки майлу рағбатҳои на фақат муштариёни тоҷикистонӣ, балки корбарони алоқаи мобилӣ дар саросари ҷаҳон рӯйи кор омадааст. Шиори «Алоқа барои ҳаёт» аз Tcell, инъикосгари муҳимияти арзишҳои ҳамешагии инсоният буда, нақши зарурии онро бозгӯ мекунад. Муҳим барои ҳар як одам ин аст, ки ӯ хонаводаву пайвандон, дӯстони худро новобаста аз масофа дар паҳлӯи худ эҳсос намояд, дар лаҳзаҳои душвор аз волидайн суханони хуб шунида, худро танҳо эҳсос нанамояд. “Алоқа барои ҳаёт”- ин усули аслии фаъолияти Tcell аст. Ин маҳз ҳамон намуди иртибот аст, ки одамро аз рӯзи таваллуд ҳамроҳӣ карда, тӯли умр бо ӯ аст, ваҳдату якпорчагии дунёро тавассути алоқа ба роҳ мемонад.
Ширкати Tcell дар саргаҳи алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Tcell нахустин ширкати мобилӣ аст, ки дар слолҳои 2000-ум иртиботро бо стандарти GSM ба роҳ монда, тағйироти бузургро дар бозори алоқа ба вуҷуд овард. Шурӯъ аз он давра, яъне 19 сол боз Tcell ба муштариён маҳсулоти гуногунро пешниҳод сохта, хизматрасониҳои беҳтару хубтарро роҳандозӣ менамояд, ба корбарон роҳҳои қулайи истифода аз навгониҳои технологиро ироа менамояд. Ширкат ҳамеша ба ҷамъоварӣ, коркард ва татбиқи анъанаҳои ҷадиди технологӣ, мутобиқгардонии роҳбурдҳо дар бозори мухобироти Тоҷикистон машғул аст. Tcell ба унвони як ширкати ватанӣ ба таъриху фарҳанги миллат арҷ гузошта, муаррифгари арзишҳои маънавӣ аст. Ҳамзамон, бо ин Tcell ҳамқадами вақту замон буда, бо динамикаи замони муосир мутобиқ мегардад. Танзими тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар сатҳи маҳаллӣ аз хусусиятҳои хоси инъикоси фаъолияти муосиру замонавӣ, инчунин навоваронаи ширкат дарак медиҳад.
Ҳамвора ва ба таври ҳамешагӣ сатҳи хизматрасониро боло бурда, Tcell рушди бозори мухобиротиро дар Тоҷикистон тақвият мебахшад, инчунин равобити дӯстонаро ба роҳ мемонад. Мутобиқ бо арзишҳои саҳҳомдори худ- Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED), Tcel ҳамеша барои беҳбуд бахшидан ба зиндагии ҳамватанон мусоидат менамояд. Ҳар сол ширкати Tcell тарҳҳои зиёди иҷтимоӣ роҳандозӣ менамояд, инчунин лоиҳаҳои дигарро дар ин самт дастгирӣ ва маблағгузорӣ мекунад. Ин иқдомҳо боиси рушди иқтисодиёт, беҳтар шудани вазъи зиндагии мардум, пешрафти маорифу дигар бахшҳо мусоидат мекунанд.
Бо хизматрасонии зуду муосир ҳар як муштарӣ худро арзишманду шахси боэҳтиром эҳсос менамояд. Tcell ҳамчун пештози бахши корпоративӣ барои муштариён ҳамеша хизматрасониҳои қулай ва муфидро пешниҳод мекунад. Ширкат ба таври густарда роҳкорҳои иноватсиониро омӯхта ба корбарони худ арза медорад, ба таври “оқилона” тиҷорат карданро ба муштариён меомӯзонад.
Ба қавли Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев, марҳилаи ҷадиди навгониҳо фаро расидааст. «Мо ба гунаи олӣ аз арзишу анъанаҳо қадрдонӣ мекунем, аммо ин ягона омиле нест, ки муштариён ба мо содиқ мемонанд”,- мегӯяд Давлатшоев.
«Муштариён барои он Tcell –ро интихоб менамоянду меписанданд, ки мо ҳама корро мекунем, то як қадам дар пеш қарор дошта бошем. Мо ҳамеша аз таҷрибаи ҷаҳонӣ меомӯзем. Ифтихор аз он дорам, ки мо соҳиби сабки наву замонавӣ ҳастем ва он ҳамаи хостаҳои моро мунъакис мекунад».
«Мо аз тағйирот наметарсем», илова кард Давлатшоев. «Тағйир, рушд ва тавсеа- чизҳое ҳастанд, ки мо ҳама рӯза анҷом медиҳем».