Оператори пешсаф ва навовари кишвар — ширкати Tcell иқдомашро барои корбарони замимаи навшудаи «Чӣ Гап» давом медиҳад. Бо боргирии «Чӣ Гап»-и нав ва зангҳо тавассути ин барнома ба телефонҳои мобилӣ бо рақамҳои Tcell 50 дақиқа ба даст овардан мумкин аст. Мӯҳлати иқдом то 30 сентябр дароз карда шуд.  

Tcell ҳамеша аз дархосту ниёзи муштариён истиқбол менамояд. Ширкат аҳамияти муҳим доштани муоширатро бо оила ва наздикону пайвандон, хоса вақте онҳо дар хориҷи кишвар ҳастанд, дарк мекунад. Замимаи нави «Чӣ Гап» ба Шумо имкон медиҳад, ки бо сифати баланд ба телефонҳои мобилии Тоҷикистон пайваст шавед.

Ва барои корбарони нави замима Tcell ҳамчун тӯҳфа — 50 дақиқа барои зангҳо омода кардааст! Ба Шумо фақат лозим аст, ки замимаи нави “Чӣ Гап”-ро тавассути Play Market (https://is.gd/ChiGap) ва ё App Store (https://is.gd/ChiGapApp) боргирӣ ва насб намоед. Бастаи дақиқаҳои тӯҳфашуда барои зангҳо ба рақамҳои Tcell дар давоми 5 рӯз аз лаҳзаи бақайдгирӣ дар замимаи нав эътибор доранд.

Нусхаи қаблӣ (пешина)-и замима дар наздиктарин фурсат ғайрифаъол карда мешавад ва дигар кор намекунад. Барои зеркашӣ ва боргирӣ насби «Чӣ Гап» -и нав аз Tcell шитоб кунед!

Маълумоти бештар дар сомонаи: https://www.tcell.tj/internet/mobile-apps/chi-gap.php

«Чӣ Гап» аз ҷониби ширкати Tcell моҳи апрели соли 2015 роҳандозӣ гардида, аввалин замимаи мобилии миллии Тоҷикистон барои гӯшиҳои ҳушманд (смартфон)-ҳо маҳсуб меёбад, ки тавассути он Шумо ҳамеша имкон доред, онлайн бошед ва бо телефонҳои хонагиву  мобилии Тоҷикистон бо нархҳои дастрас занг занед. Дар ин муддат, барномаи “Чӣ Гап” миёни онҳое, ки мехоҳанд ҳамеша бо наздикону пайвандонашон аз тамоми гӯшаву канори дунё дар иртибот бошанд, маҳбубияти хосаро касб кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here