Ҷашнвораи байналмилалии «Боми ҷаҳон» — бузургтарин рухдод дар олами мусиқии зиндаи Тоҷикистон/ рӯзҳои 26 то 28-уми ҳамин моҳ дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Тайи солҳои ахир, Tcell ба унвони шарики баргузории ин ҷашнвора ва барои дастгирии рушди фарҳанг дар ҷомеа, инчунин, барои ҳифзу табодули анъанаҳои миллӣ саъю талош мекунад.  

Ҷашнвораи «Боми ҷаҳон» шурӯъ аз соли 2008 дар Хоруғ сурат мегирад. Он чизе, ки ба гунаи як як ҷашнвораи хурди мусиқии маҳаллӣ баргузор мешуд, ҳоло ба унвони ҷашни байналмилалии фарҳангу мусиқӣ табдил ёфта, дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Имсол дар ҷашнвораи мусиқӣ иштироки ҳунармандон аз Ӯзбакистон, ИМА, Афғонистон, Қирғизистон, Покистон, Латвия ва Ҳиндустон дар назар буда, мутрибону мусиқачиён аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Тоҷикистон низ дар ин ҳамоиши фарҳангӣ   ҳузур хоҳанд дошт.

«Боми ҷаҳон» — даричаест барои ошноии бештар бо анъана, урфу одат ва оини таърихии мардуми ин куҳандиёр. Таърихи бойу рангин, осори ниёкон дар ин ҷо ҳанӯз побарҷост. Ҷашнвора ин ҳамаро ба ҳам меорад ва баҳонаи зебо барои дидану эҳсос кардани ин ҳама зебоист.

Tcell имсол низ чун соли гузашта дар баргузории ҷашнвора саҳми фаъол мегузорад.    Махсус барои меҳмонони кӯчак “боғча”- макони муваққатии тафреҳу бозӣ созмон дода шуда, дар он ҷо кӯдакон расм мекашанд, бозӣ мекунанд ва ҳунари худро ба намоиш мегузоранд. Ба замми ин, дар намоишгоҳи вижаи ҷашнвора ширкати Tcell маҳсулоти худро пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида, дар ин ҷо муштариён аз машварати мутахассисони алоқаи мобилӣ баҳра бардошта, метавонанд ба пурсишҳои худ дар мавриди хизматрасониҳои ширкат посух бигиранд.

Tcell аз чорабиниҳои фарҳангӣ истиқбол мекунад, зеро инъикоси санъат, анъанаҳои онҳо як ҷузъи муҳими ҳаёти инсон аст. Бо дастгирии ҷашнвораи «Боми ҷаҳон», Tcell арҷгузорӣ ба арзишҳо ва ҳадафҳои аслии ин ҷашнвораи фарҳангиро ба намоиш мегузорад: ҳифз ва тарғиби жанрҳои анъанавӣ ва таҷрибавии мусиқӣ ва рақси мардуми Помир, инчунин дигар мавзеҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону кишварҳои хориҷаи дуру наздик барои дарки фаҳмиши гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ дар байни халқҳои гуногун ва анъанаҳои фарҳангии минтақа мусоидат менамояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here