Имрӯз таҳти раёсати раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва намояндагони Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Ҷиҳати такмил бахшидани заминаҳои ҳуқуқии рушди маҳал ва тавсеаи асосҳои ҳуқуқии ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳи дар маҳал» ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» дар қаламрави Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон барргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси намояндагон Мавзуна Шамсидинзода баромад намуда, иброз намуд, ки Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур такони ҷидди бахшид. Президенти мамлакат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз намуданд ки: «барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест». Дар ин робита барои идома ва амалигардонии ҳадафҳои гузошташуда эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» ба инкишофи инфрасохтори деҳот мусоидат хоҳад намуд ки он. аз татбиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» вобастагии бевосита дорад.
Бо ин мақсад аз ҷониби Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ масъалаҳои мазкур дар ҳудуди шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон мавридӣ омӯзиш қарор дода шуд.
Мавзуна Шамсидинзода ҳамчунин таъкид намуд, ки дар ноҳияи Дарвоз ҷамоати деҳоти Вишхарв бо фаъолон ва кормандони ҷамоат вохурда оид ба рафти амалишавии қонун суҳбат намудем ва таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар ноҳияи Ванҷ бо роҳбарияти ноҳия кормандони ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев инчунин бо хазинаи Оғохон дар ноҳия суҳбату вохӯрӣ гузаронида аз фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ҳудудӣ деҳот, ки сохтмони пули мошингард корхонаи хурди истеҳсоли шарбат маҳз бо маблағи мақомоти худфаолияти ҷамъиятӣ сохта шудаанд шинос гардидем. Қайд намудан бамаврид аст, ки таҷрибаи кори кумитаи худфаъолияти ҷамъиятӣ оид ба ташкили гуруҳҳои амонатгузори ҷамиятӣ хело хуб ба роҳ монда шудааст ин таҷриба дар дигар кумитаҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ агар паҳн карда шавад ба фикри мо хело хуб мешавад.
Бо роҳбарияти ноҳияи Рушон ва Ҷамоати деҳоти ба номи Абдулвосиеви ноҳия вохӯрӣ намуда оид ба ҳунарҳои мардумӣ дар кумитаи маҳаллаҳо ва ривоҷу равнақ ёфтани тоқидӯзӣ ва ҷуроббофӣ дидан намуда бо занҳои ҳунарманд суҳбат оростем. Бо роҳбарияти ноҳияи Шуғнон вохӯрӣ намуда дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳия аз корхонаи хурди коркарди меваи тут ва пул дар болои дарьёи Ғунд бо дастгирии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ сохта шудааст дидан намудем.
Дар ноҳияи Ишкошим бо фаъолони ҷамоатҳои Питуп Юсуфбеков, Зонг ва Аскар Замиров вохӯрда аз фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии деҳаи Сист дар бунёди боғҳою азхудкунии заминҳои навкорам дар деҳоти Юсуфбеков аз фаъолияти корхонаи хурди равғани “Ангат” ки бо дастгирии мақомоти худфаъолияти ҷамиятӣ сохта шудааст шинос шуда бо кормандони ин корхонаи хурд оид ба истеҳсол ва афзоиш додани ин намуди доруворӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҷойҳои нави кори тавсияҳо дода шуд.
Дар ҷаласаи минтақавӣ бо иштироки раиси вилоят раисони шаҳру ноҳияҳо раисони ҷамоатҳо ва кумитаи маҳаллаҳо дар мавзуъи амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъияти” роҳбари гуруҳ муовини раиси кумита Раҳмонзода А. баромад намуда ба саволҳои иштирокдорон ҷавоб дод. Дар ҷамъбаст таклифу пешниҳодҳо оид ба такмили қонуни амалкунанда пешниҳод гардид.
Гурӯҳи корӣ аз минтақаҳои сайёҳи ВМКБ дидан намуда бо масъулини мавзеъҳои сайёҳи маслиҳатҳои судманд дода шуд ва ҳамзамон оид ба пешрафти ин соҳа низ пешниҳодҳо доданд. Дар Пайём таъкид карда шудааст, ки рушди минъбадаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода мешавад. Бо ин мақсад аз ҷониби Қумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” тағйироту илова ворид карда шуд. Омузиши рафти татбиқи қонунгузории номбурда идома дода шуда ҷиҳати такмил додани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ” таклифу пешниҳодҳои зарурӣ омода карда хоҳад шуд.
Сипас, аз руи масъалаи мазкур, дар назди ҳозирин корманди масъули Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саӣғуфрони Абдулло, вакилони Маҷлиси намояндагон баромад намуда, роҷеъ ба масъалаи муҳокимашаванда фикрҳои ҷолиб ва судманд пешниҳод намуданд.
Дар фарҷом иштирокчиёни нишаст тавсияҳои парлумонӣ қабул намуданд.