— Хостам, ки бо пешниҳоди коллексияи либосҳои миллии худ, ҷаҳониёнро бо фарҳанги либоспӯшиву либосдӯзии миллати тоҷик ошно намоям. Онҳо аз либосҳои миллии мо хуб истиқбол карда, мероси фарҳангии мардуми моро ба ҷоизаи ҷаҳониии ЮНЕСКО қадрдонӣ карданд. – Ин нуктаро Нафиса Имронова 1-уми феврали соли равон, зимни баргузории чорабинии бошукӯҳ, ки ба муносибати дар Аврупо соҳиби ҷоиза гардидани ӯ, дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе, баргузор шуд, баён дошт.
Нафиса Имронова тарроҳи тоҷик бо дастгирии ширкати “Tajikistan Fashion Week” аз 19 то 22-юми январ дар шаҳри Парижи Фаронса, коллексияи “Наврӯз”-и худро зери бренди ZHIWJ пешниҳод карда, соҳиби ҷоизаи Юнеско гардид. Бино ба иттилои роҳбари ширкати мазур Тоҳир Иброҳимов дар таърихи мӯди кишвар бори аввал аст, ки Тоҷикистон таҳти бренди ZHIWJ аз тарафи Нафиса Қурбонова, дар намоишгоҳи мӯди шарқии пойтахти Фаронса муаррифӣ мегардад.
— Дар ин намоишгоҳ Нафиса Имронова коллексияи нави “Наврӯз”-и худро, ки тамоми таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷикро ифода менамояд, нишон дод, ки ин амалкарди ӯ ба мардуми Аврупо писанд омад, — афзуд Тоҳир Иброҳимов.
Худи Нафиса таъкид кард, ки дар колексияе, ки пешниҳод намуда буд, урфу оддат ва суннату анъанаҳои либосдӯзии тамоми манотиқи кишварро истифода кардааст. Ин рангорангӣ сабаб шуд, ки оламиён ба ҳунари ӯ таваҷҷуҳ кунанд.
Дар чорабиние, ки дар Маркази исмоилияи шаҳари Душанбе баргузор гашт, Нафиса Имронова ба иштирокчиёни чорабинӣ, гурӯҳи корашро, ки иборат аз 11 нафар буданду дар баробари ӯ дар омадакукнии либосҳо саҳм доштанд, муаррифӣ кард. Колексияи “Наврӯз” низ пешниҳоди иштирокдорон гардид.
Як тан аз ишрокчиёни чорабинӣ, коршиноси соҳаи мӯд Дилафрӯзи Раҳмат, дар суҳбат бо вебгоҳи хабарии Faraj.tj ҳунари Нафисаро фарқкунанда арзёбӣ карда, гуфт, ки Нафиса кӯшиш мекунад, дар мӯд қолабшиканӣ карда, намудҳои нав ба нави тарҳро ба вуҷуд орад.
— Мӯд ин тайғир намудани услуб ва қолабшиканист. Нафиса Имронова низ кӯшиш мекунад, ки дар ҳар колексияаш қолабшиканӣ карда, тайғироти навро ба мӯди тоҷик ворид намояд, — таъкид намуд Дилафрӯзи Раҳмат. – Нафиса тарроҳи касбӣ буда, аз нозукиҳои касби худ ба хубӣ огоҳ аст. Интихоби матоъро хуб ба роҳ монда, дар мӯди муосир нақшу нигори миллии гӯшаҳои гуногуни кишварро ворид менамояд.
Зикр бояд кард, ки ҷоизаи бадастовардаи Нафиса Имронова дар намоиши мӯди Париж, бузургтарин дастоварди тарроҳони тоҷик мебошад, ки то ин замон ноил шудаанд.