Имрӯз, 7-уми сентябр, дар шаҳри Ваҳдат як мошини ҳомили газ таркидааст. Таркиш дар вақти интиқол додани газ ба лӯлаи захиравии гази моеъ дар нуқтаи сӯзишворӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ки макони ҳодиса зери назорати кормандони милиса аст. Мошинҳои сӯхторнишонӣ даст ба кор шудаанд. Ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар канори шоҳроҳ воқеъ будааст, ки тамбашвии мошинҳо низ ба назар мерасад.
Дар бораи хисороти ҷонӣ ва ҳудуду вайронкории таркиш айни ҳол маълумоти дақиқе дастрас нест.