Расонаҳо дишаб дар хабаре фаврӣ аз захмӣ шудани ҳадди ақал 75 нафар бар асари инфиҷор дар як корхона дар аёлати Ню-Йорки ИМА хабар доданд.
Тибқи гузориш ин корхона Verla International ном дорад ва ба коркарду истеҳсоли атриёт машғул аст. Баъзе аз манбаъҳо шумораи захмишудагонро 20 нафар гуфтаанд. Бино ба гузориши расонаи маҳаллии MidHudsonNews пас аз таркиш оташсӯзӣ шудааст ва шояд шумораи осебдидагон ба 75 нафар расида бошад. Ҳанӯз мушаххас нест далели инфиҷор чӣ будааст.