Кам будани ҳуҷраҳои хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав боиси тавшвишу саргардонии зиёди донишҷуёни ин макон гардидааст.
Бо оғози соли хониши 2019-2020 ташвишҳои донишҷуёни Донишгоҳи Давалтии Бохтар ба номи Носири Хусрав зиёд мешавад, зеро онҳо бояд барои худ макони зист пайдо кунанд. Ба гуфти донишҷуён аз сабаби кам будани ҳуҷраҳои хобгоҳи донишгоҳи мазкур, онҳо маҷбуранд дар хонаҳои иҷора, ки пайдо карданаш мушкили дигарест, ҷой гиранд.
Раиси кумитаи мутаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳи мазкур Маҳмадкарим Шарипов гуфт, донишгоҳ як хобгоҳ барои донишҷуён дорад, ки аз 4 ошёна иборат буда, дорои 108 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад.
— Ин хобгоҳ барои 386 нафар донишҷӯ сохта шудааст, аммо имрӯз дар он 514 нафар зиндагӣ доранд, ки солона онҳо 680 сомонӣ барои иқомат месупоранд. Ба хотири беҳтар кардани шароити иқомати донишҷуён тайи солҳои охир ҳаммом, ошхона ва ҳуҷраҳои хоби донишҷуён таъмир шуда, бо лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин гардиданд, — илова кард ӯ.
Ӯ гуфт ин хобгоҳ барои донишҷуёни басанда нест, аз ин рӯ масъулони донишгоҳ кӯшиш доранд, ки дар оянда шаҳраки донишҷуён бисозанд.
Ҳоло дар шуъбаи рӯзонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав беш аз 10 ҳазор донишҷу таълим мегиранд ва аз ин шуомора ҳамагӣ 514 нафар бо хобгоҳ таъминанд.