Вебгоҳи хабарии Faraj.tj 7-уми январи соли равон гузорише бо номи “Донишҷӯён ҳангоми боришот аз ҳавзи об мегузаранд” нашр карда буд. Дар гузориш, вазъияти ногувори роҳҳои байнимаҳаллавии шаҳраки Гипрозем, ғарами партовҳои атрофи КВД “Бозори деҳқон” ва назди хобгоҳҳои донишҷӯёну кормандон, инъикос шуда буд.
Субҳи имрӯз Мирзонабӣ Алиев сокини ин маҳалла ба идораи вебгоҳи хабарии Faraj.tj бо занги телефонӣ дар тамос шуда, аз ободкориҳо ва корҳои тазакунии ин маҳалла ба мо хабар дод.
— Раҳмат додарам, шумо омададеду дар газетатон навишта будед, имрӯз ободкориҳо дар ин ҷо хуб идома доранд, – гуфт дар занги телефонӣ Мирзонабӣ Алиев. Хабарнигори вебгоҳи хабарии Faraj.tj тасмим гирифт, ки ба маҳаллаи Гипрозем рафта, раванди тозакунии атрофи бино ва заҳбурҳои ин ҷойро инъикос кунад.
Сокинони маҳаллаи Гипрозем дар якҷоягӣ бо донишҷӯёну кормандони идораи партовкашонӣ аз саҳарии барвақт ба тозакунии роҳҳои атрофи биноҳои истиқоматӣ баромада, канори биноҳо ва заҳбуру заҳкашҳоро аз партов тоза карданд. Тибқи мушоҳидаи мо дар назди бинои хобгоҳи Литсейи дӯзандагии шаҳри Душанбе, сокинон 16 адад ниҳоли арча шинонданд. Тавассути ду адад мошини партовкашонӣ партовҳоро ба берунтари шаҳр интиқол доданд. Асосан дар тозакунӣ истиқоматкунандагони хобгоҳҳои кормандон саҳми бештар доштанд.
Вале дар ҳолати роҳҳои ин маҳалла тайғироти чашмрасе ба миён наомада буд, ба истисони роҳи назди хобгоҳи №7 ДМТ, ки алакай онро мумфарш карда буданд.
Ғарами партовҳои атрофи КВД “Бозори деҳқон” мисли пештара бетайғир боқӣ монда буданд. Умед дорем, ки бо тозакунии ғарами партовҳои атрофи бозор гузориши навбатиро аз ободониҳои атрофи ин бозор хоҳед хонд.