Муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Илҳом Неъматов гуфт, ки ӯзбекҳои дар Русия қарордошта, ҳангоми тамдиди сабти ном дар давраи қарантин ба ҳеҷ  гуна мушкилот рӯ ба рӯ нахоҳанд шуд.

— То имрӯз зиёда аз 15 ҳазор нафар ӯзбек аз хориҷи кишвар ба Ӯзбекистон оварда шуданд, ки 3 ҳазору 500 нафар аз Чин, 3 ҳазору 112 нафар аз Русия, 7 ҳазору 559 нафар аз Қазоқистон, беш аз 1 ҳазор нафар аз Туркия ва 500 нафар аз Дубай буданд, — гуфт Илҳом Неъматов дар шабакаи телевизионии “Ӯзбекистон-24”.

Ӯ афзуд ки бо сар задани вируси корона масъалаҳои зиёди вобаста ба ӯзбекҳо дар хориҷи кишвар ҳал шуданд.

— Дар Русия беш аз 30 ҳазор донишҷӯйи ӯзбек таҳсил доранд. Масоили зиндагии онҳо бе тарк кардани хобгоҳ ҳалли худро ёфт. Аксари шаҳрвандони мо дар Русия ва Қазоқистон кор мекунанд. Масъалаи таъйин накардани ҷарима ва тамдиди бақайдгирии онҳо низ аз тарафи сафоратхонаҳои мо ҳал шудааст. Музокирот бо мансабдорони давлатӣ низ бо як қарордоди мусбӣ ҷамъбаст шуд, — гуфт Неъматов.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here