Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико — NASA ва ширкати Uber созиш карданд, ки дар робита ба роҳандозии хадамоти таксиҳои ҳавоии Uber Elevate ҳамкорӣ хоҳанд кард.

NASA дастгоҳҳои Uber Elevateро назорат карда, дар фазои шаҳр бидуни эҷоди монеа ба кори фурудгоҳҳо онҳоро идора мекунад.

Uber мустақилона таксиҳои ҳавоиро истеҳсол намекунад. Дар ширкат гуфтанд, ки дар ин бобат бо яке аз корхонаҳои истеҳсолкунандаи техникаҳои ҳавоӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Санҷиши таксиҳои Uber Elevate соли 2020 оғоз хоҳад шуд ва қарор аст, онҳо соли 2028 дар арафаи Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Лос-Анҷелес мавриди истифода қарор гиранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here