Имрӯз, 24-уми январ, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон аз як қатор тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳо, кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ин тағйироти кадрӣ бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шудааст.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ректорони як қатор муассисаҳои олии таълимӣ аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.

Ҳамин тавр, Нуриддин Саид аз мақоми вазири маориф ва илм барканор шуда, раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин шудааст. Маҳмадюсуф Имомзода аз вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озод ва вазири маориф ва илм шудааст. Маҳмадсаид Шоҳиён вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радиоро канор гузошта, чун раис ба “Тоҷикфилм” гузаштааст. Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода аз мақоми вазири фарҳанг ба нафақа рафта, ба ҷойи ӯ Зулфия Давлатзода, ки қаблан муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила буд, омадааст. Неъматулло Ҳикматуллозода аз мақоми вазири рушди иқтисод ва савдо барканор ва ёрдамчии президент дар умури иқтисод таъйин шудааст. Завқӣ Завқизода, ки муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо буд, раҳбари нави ин вазоратхона таъйин шудааст. Аҳтам Абдуллозода, ки то ҳол раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон буд, мақоми муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президентро гирифтааст. Ҷойи ӯро дар кумита кӣ соҳиб шудааст, маълум нест.

Гуфта мешавад, ки ёрдамчии Президент Абдуҷаббор Раҳмонзода аз вазифа озод ва ректори ДМТ таъйин гардидааст, аммо ин амру фармонҳо то ҳанӯз расман нашр нашудаанд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, сардори шуъбаи рақами 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Бӯстон ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, сардори Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Норак, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон, сардори қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, сардори шуъбаи рақами 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбеи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иваз шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here