Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона раиси ҳукумати ин вилоят Шӯҳрат Ғаниев бо ҳамтои қирғизи худ Алишер Абдураҳмонов дидору гуфтугӯ анҷом додааст. Бино ба иттилои ин манбаъ ҳадафи асосии ин мулоқот ба эътидол овардани вазъият дар минтақаҳои марзии ин ду вилоят мебошад.

Дар ин мулоқот ҳамроҳи ҳокимони ду вилояти ҳаммарз сардорони марзбонӣ, амният, корзӯҳои дохилӣ, гумрук, додситонҳо ва аъзои ҳукумати ду кишвар ширкат кардаанд.

Ин манбаъ меафзояд, ки мулоқоти мазкур бо ташаббуси ҳокими вилояти Боткенти Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст. Гуфта мешавад, бар асоси тавофуқномаи ҳокимони ду вилоят аз ин ба баъд истифодаи захираҳои оби фаромарзӣ ва чарогоҳҳо, ғайр аз риояи меъёрҳои қонунгузориҳо, бар асоси таҳаммулпазирӣ ва идомаи робитаҳои дӯстии бардавом амалӣ хоҳад шуд.

Дар ин миён Алишер Абдураҳмонов гуфтааст, ки сокинони ноҳияи Сӯх ва деҳаҳои Шоҳимардону Ёрдони ноҳияи Фарғона метавонанд бо истифода аз қаламрави кишвараш бидуни монеа равуо кунанд.

Ғайр аз ин, ҳокими вилояти Боткент таъкид варзидааст, ки ба нақлиёти боркашони Ӯзбекистон иҷоза дода мешавад, ки маводи хӯрокворӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва молу маводи дигари мавриди эҳтиёҷи мардуми эксклавҳои худро озодона интиқол диҳанд.

Ҳокимони вилоятҳои Фарғонаву Боткент итминон додаанд, ки ҳодисаҳои 31 майи соли равон ба робитаҳои дӯстии мардуми ин ду вилоят ва, дар маҷмӯъ, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ягон таъсири манфӣ ва халал ворид нахоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки 31 май миёни бошандагони деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ва деҳаи Чечмеи ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент даргириҳои сахт ба вуқӯъ пайваст ва ба ҷониби шаҳрвандони Ӯзбекистон хисороти зиёди молӣ ворид кард. Ҳамчунин, 187 сокини ноҳияи Сӯх аз ин ҷангу даргирӣ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Дар айни ҳол 14 нафар ҷароҳатбардоштаи ин ҳодиса, ки тавассути чархболи низомӣ ба шифохонаи марказии вилоят интиқол ёфтаанд, муолиҷа мешаванд.

Оё ин мулоқоту ба тавофуқ расидани раисони ҳукумати ду вилояти ҳаммарзи Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҳаёт татбиқ мегардад? Мухбири “Фараж” барои ба ин суол пайдо кардани посух бо чанд сокини ноҳияи Сӯх суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Раиси ҷамоати деҳаи Ҳушёри ноҳия Мирзоамин Ифтихонов мегӯяд, ки дар бораи натиҷаҳои ин мулоқот ба дасти онҳо ягон маълумоти расмӣ нарасидааст.

— Мо хостем, ки сангу шағалҳои селроҳаи болои деҳи худро тавассути грейдеру булдозерҳо тоза кунем, то ки ҳангоми боришоти шадид ва омадани сел киштзору хонаҳои одамонамон осеб набинанд, вале сардори марзбонҳои қирғиз ва раиси ҷамоати онҳо иҷоза надоданд, ки техникаҳои мо ин корро анҷом диҳанд, — гуфт Мирзоамин Ифтихонов.

Вай афзуд, ҷониби муқобил дар ивази иҷозаи анҷоми ин кор бо исрор талаб кардаанд, ки аз шафати деҳаи Қизилқиёқи ноҳия барояшон ҷиҳати сохтани роҳ замин ҷудо кунанд.

— Ин корҳо аз доираи ваколати ман берунанд ва дар ин бора ҳокимияти ноҳияро огоҳ кардам, аммо гап дар сари  он аст, ки ҷоеро, ки мо тоза мекунем, қирғизҳо минтақаи нейтралӣ ҳисоб мекунанд. Магар минтақаи нейтралӣ фақат аз ҳисоби заминҳои мо иборатанд? — ҳиссиёташро пинҳон дошта натавониста мегӯяд Мирзоамин Ифтихонов.

Ба гуфтаи сокинони ноҳияи Сӯх дар бораи истифодаи оби чашмаҳо ягон тағйироте ба назар намерасад. Ҳамчунин, ҳанӯз роҳи Сӯх-Қадамҷо, ки роҳи ягонаи равуо барои мардуми ноҳияи Сӯх ва деҳаҳои Шоҳимардону Ёрдони ноҳияи Фарғона мебошад, барои равуои озоди мардум боз нашудааст.

— Аз вазоратҳои гуногуни кишварамон намояндагони зиёд ба Сӯх омада, вазъияти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва мардуми моро месанҷанд, бо мардум мулоқотҳо баргузор мекунанд. Ин хеле хуб аст. Худо кунад, ки мушкилоти даҳҳо сол ғуншудаи мардуми мо ҳаллу фасл шаванд. Як қатори калони ҳомили кумакҳои башардӯстона ва техникаҳои гуногун аз Фарғона ба Сӯх омада расид, аммо ин қатор роҳи як-якунимсоатаро дар 12-15 соат тай намуд, — мегӯяд сокини деҳаи Демирсад Зоҳирҷон Султонов.

Вай меафзояд, ки ҳалли масъалаҳои зиёд ба кушодани посгоҳҳои марзии миёни ду кишвар вобаста мебошад, ки қаблан аз тариқи он мардум ба воситаи он равуо мекарданд. Ба таъкиди Зоҳирҷон Султонов мардум мешунаванд, ки ҳокимони вилоятҳои Фарғонаву Боткент доир ба масъалаҳои зиёд ба тавофуқ расидаанд, вале ҳанӯз аз натиҷаи он дараке нест.

— Ин дар ҳолест, ки ҳокими вилояти Боткент гуфтааст сӯхиёну мардуми деҳаҳои Шоҳимардону Ёрдон бидуни монеа аз қаламрави кишвараш равуо карда метавонанд, — иброз медорад Зоҳирҷон Султонов.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here