Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Насим Олимзода бори дигар ба табибони тоҷик таъкид кард, ки ёрии аввалини тиббӣ ройгон аст ва инро бояд онҳо дар ёд дошта бошанд. 

Ин нуқтаро ӯ дирӯз пас аз паёми президент Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷаласаи корӣ изҳор кард.

Дар ҷаласаи мазкур он нуктаҳое, ки доир ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар паём баён шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, яке аз масъалаҳои ташвишовар, ки вақтҳои охир боиси вокунишҳои зиёд ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон гардидааст, расонидани кӯмаки ёрии фаврии тиббӣ ба беморон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад. Вазир Насим Олимзода оид ба ин масъала аз вазъи мавҷудаи беморхонаҳо, таваллудхонаҳо ва шӯъбаҳои эҳёи шаҳри Душанбе ва вилояту минтақаҳо сухан ронда, ба муовинони худ ва сардорони шӯъбаҳои дахлдори вазорат дастур дод, ки дар ин самт корро пурзӯр намоянд. Ӯ аз хусуси ҷой доштани ҳолатҳои саривақт кӯмаки фаврӣ нарасонидани табибон ба беморон, махсусан шабонгоҳон, изҳорӣ нигаронӣ намуд.

Олимзода Насим иброз дошт, ки кӯмаки фаврии тиббӣ дар ҷумҳурӣ тибқи қонуну қарорҳои мавҷуда ройгон буд ва ройгон мемонад ва инро бояд табибон дарк карда, аз худ масъулияти баланд нишон диҳанд ва нобоварии мардумро нисбати давлату Ҳукумати кишвар набояд ба миён оваранд. Гуфта шуд, вазифаи нахустини табиб ёрӣ расонидан ба шахси бемор аст, на пешниҳоди рӯйхати дурударози доруворӣ. Бояд қутиҳои ёрии аввалияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ, новобаста аз шакли моликият, бо маводи доруворӣ ҳамеша таъмин бошанд.

— Мо дастурҳои мушаххасро оид ба ёрии фаврии тиббӣ дар ҷаласае, ки ба наздикӣ дар Маркази миллии тиббӣ-шаҳраки “Шифобахш” гузашта буд, ба роҳбарони муассисаҳои тиббии кишвар дода будем, вале бори дигар пас аз паёми Пешвои миллат ба ин масъала назорати ҷиддӣ медиҳем, — изҳор дошт ӯ.

Ҳамин тавр, вазир дар ҳошияи гуфтаҳои хеш ба масъулон супориш дод, ки рӯзи 27-уми декабр бо роҳбарони муассисаҳои тиббии хусусӣ ва 3-юми январ бо муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор карда шавад.

Нури Саид

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here