Имрӯз дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар ВМКБ ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бо фармони президент Додихудозода Давлатмо Бахтибек аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон озод гардида, Усмонзода Шоғуфрон – раиси Суди ВМКБ таъин гардид.

Бо дастури президент муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазифа озод ва барои ба вазифаи муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон таъин намудани Мирзонаботов Алишер Худобердиевич, муовинони раиси ин вилоят таъин гардидани Амирбекзода Назира, Иматшозода Анвар Иматшо ва Носиров Умедҷон розигӣ дода шуд.

Сардорони шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб, инчунин сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.

Дар мувофиқа бо президент уовини якуми вазири корҳои дохилӣ Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҳамзамон сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, ба вазифаҳои сардорони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва Рӯшон ба вазифаҳо таъин карда шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here