Бо фармонҳои Президенти мамлакат раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, як қатор шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъин гардида, сардорони Раёсатҳои корҳои дохилӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар сохтору воҳидҳои мақомоти мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дастгоҳи марказии вазорат иваз карда шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмиии Президенти Тоҷикистон оид ба интихоб ва бозхонди судяҳои Суди олӣ ва Суди олии иқтисодӣ пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.
Президент барои ба вазифаи муовини раиси Суди Олӣ интихоб гардидани Исҳоқӣ Амирхон, судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Аланазарзода Шароф, Тағозода Абдуқаҳҳор, Аҳмадзода Ҷамшед, Комилзода Илҳом, инчунин, ба вазифаи муовини раиси Суди олии иқтисодӣ интихоб гардидани Комилӣ Файзалӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол кардааст.
Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ ба амал бароварда шудааст.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Хисрав аз вазифаи фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод гардида, Рауфов Сӯҳроб ба ин вазифа таъин гардидааст.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони Раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, сардорони раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахш, Фархор, Ҳамадонӣ, Хуросон, Ёвони вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои Истиқлол, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Нуробод, Файзобод ва сардорони як қатор раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказӣ кадрҳои нав таъин гардидаанд.
Дар акс сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода (аз рост)