Фаришта баъди хатми мактаби миёна бо хоҳиши волидайн ба шавҳар мебарояд. Он ҳам бо шахсе ки ҳеҷ гоҳ надида буд ва танҳо ба хотири дустии падарон розӣ мешавад. Духтар ҳамеша орзуи ба Донишгоҳи тибби дохил шуданро дошт. Баъди ба шавҳар баромадан дустдоштаашро бо номи Далер фаромуш мекунад.

 Ҳамсараш бо исми Саттор ӯро танҳо гузошта ба муҳоҷират меравад ва қурбонии нашъаҷаллобон шуда маҳбасӣ мешавад. Хушдоманаш Идигул ҳамеша ӯро зери таънаву маломат гузошта аз хона пеш мекунад. Падари Фаришта аз сактаи қалб ба ҳалокат мерасад. Ҳоло ӯ дар бағал кӯдаки навзоди чилрӯза болои пули Сирдарё қарор дорад. Тақдири баъдии Фаришта чӣ мешавад метавонед бо омадан ба кинотеатри “Ватан”, аз 6-ум то 16-уми октябр, соати 14:00, дар экрани бузург аз филми  “12 соли интизорӣ” бохабар шавед. 

Тангно аз руи асари устод Сорбон дар тахияи коргардони ҷавон Муҳиддини Музаффар бахшида ба 10-солагии қонуни танзим ва ҷашну маросимҳо руи экран омадааст. Қиссаи наврасеро бо исми Армон мебинем, ки падар ба хотири хатнаи писараш охирин дороии оила говро фурухта ба муҳоҷират рафт ва дигар аз ӯ дарак нест. Модар бо даромади зардузӣ наметавонад тӯи сазоворе барои писараш кунад. Армон синаш ба балоғат мерасад ва зери таънаи ҳамсолону раъди маракаи онҳо мегардад. Талошҳои Армони наврас барои туйи хатнасураш… шарти бастааш барои барпо гардидани тӯй… интихоби падари Армон барои зиндагии оянда дар Русия ё Тоҷикистон… Бунёд шудани боғи бобоӣ ё хушк шудани ниҳолҳои он…  дар идомаи филм хоҳед дид. Ин филм ки тоза таҳия шудааст, ҳамарӯза аз 6-ум то 16-уми октябр соати 17:00 дар пардаи синамои кинотеатри “Ватан” намоиш дода мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here