Соли 2020-ум аз ҷониби кормандони Тоҷикстандарти вилояти Хатлон 38 суръатсанҷ (радари)-и кормандони БДА-и вилояти Хатлон аз санҷиши сифат гузаронида шудааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дастгоҳҳои суръатсанҷи кормандони БДА-и вилоят суръати воситаҳои нақлиётро дақиқ муайян мекунанд ва ягон иллат надоштаанд.
Аз ниҳоди мазкур, ҳамчунин, гуфтанд, ки соли 2017-ум 30 суръатсанҷи кормандони БДА-и вилояти Хатлон бо сабаби иллат доштанашан аз муомилот гирифта шуда буд.
Аммо ҳанӯзам аксар ронандагони воситаҳои нақлиёти ин вилоят аз дақиқ нишон надодани суръатсанҷи кормандони БДА-и вилояти Хатлон шикоят мекунанд.