Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон «Bek Air» пас аз суқут ба бинои дуошёна бархӯрдааст, ки боиси ҳалокати  15 нафар ва маҷруҳ шудани 35 нафари дигар шудааст. Дар бораи суқути ҳавопаймо дар Фейсбук аз фурудгоҳи Алмаато хабар додаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳавопаймои Fokker-100 бо 93 мусофир ва панҷ узви экипаж аз Алмаато ба Нусултон парвоз кард.

Тавре сардори шӯъбаи ҳифзи саломатии шаҳр Тлеухан Абилдаев ба Интерфакс гуфтааст, 66 осебдида ба бемористонҳо бурда шуданд, 50 нафар дар беморхона бистарӣ шуданд ва 12 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Баъдтар маълум шудааст, ки як ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расидааст, шумораи қурбониён ба 15 нафар расидааст.

Ба гуфтаи мусофири ҳавопаймои суқутшуда Аслан Назаралиев, наҷотдиҳандагон вақти зиёдеро барои расидан ба маҳалли садама тай карданд, аз ин рӯ мардум маҷбур шуданд ҳавопайморо мустақилона тарк кунанд

Дар амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ беш аз 976 нафар ва 70 техника, 33 гурӯҳи фаврӣ ҷалб карда шудааст. Гурӯҳи фаврии тафтишотӣ фаъолият дорад, қаламрави маҳалли ҳодиса баста шудааст.

Сабаби садама то ба ҳол маълум нест. Ҳангоми парвоз ҳавопаймо баландии худро гум кардааст ва ба бинои дуқабата афтодааст, ки ба гуфти департаменти ҳолатҳои фавқулодаи Алма-Ато, дар он касе набудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here