Рӯзи 15-уми майи, тахминан соати 13:00, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Мастчоҳ ҷасади зани 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби корандони милитсия шавҳари зани марҳум, марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иван-тоҷик, дастгир карда шуд.

Номбурда, шаби 11 ба 12-уми октябри соли 2018 дар ҳавлии истиқоматиаш бо ҳамсараш даъво карда, бо чӯбдаст чанд маротиба ба аъзои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Сипас, мард ҷасади занро дар селофан печонида, ба чуқурии 2 метр дар назди ҳавлии истиқоматиаш гуронида, барои рӯйпӯшкардани ҷинояти худ аз болояш ба миқдори 2 мошини боркаш масолеҳи сохтмониро рехтааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here