Дар марҳилаи дуюми мусобиқаи вилоятӣ, ки дар ки дар КВДК ҳавзҳои шиноварии Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо мақсади муайян кардани дастаи мунтахаби шиноварони вилоят гузаронида шуд, 45 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Сармураббии намуди шиноварӣ Воҳид Қодиров мегӯяд, сафи зиёди варзишгарон аз мактаби варзишии захираҳои олимпӣ ва мактаби варзишии 3-юми шаҳри Хуҷанд ҳастанд. Дар шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Панҷакент ҳавзи шиноварӣ амал мекунанд, — гуфт ӯ. — Душвории кор дар он аст, ки мураббиҳои касбӣ намерасанд.

— Дар як мусобиқаи  байналмиллалӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуда буд, дастпарвари мо Заррина Набиева ҷойи аввалро гирифт. Ӯ дар вилоят аввалин номзад аст, ки ба унвони устоди варзиш соҳиб шуд. Мақсади мо низ дар ҳамин аст, ки аз ҳисоби даспарварони худ кадрҳои «унверсалӣ» тайёр кунем, — илова кард сармураббӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here