Додгоҳи ҷиноии шаҳри Тошканд мурофиаи Гулнора Каримова ва шарикони ӯро ба анҷом расонд. Додгоҳ санаи 18-уми март барпо гашт ва Гулнора Каримова ва шарикони ӯро маҳкум кард

Тибқи иттилои Додгоҳи олии Ӯзбекистон, Гулнора Каримова ба 13 солу 4 моҳ зиндонӣ шудан, маҳкум шудааст. Муҳлати адои ҷазо аз 21-уми августи соли 2015 ҳисоб карда мешавад.

Ба шахсони дигар, яъне шарикони ӯ, бо назардошти вазнинӣ ва хатари иҷтимоии кирдори онҳо ва инчунин нақши онҳо дар ҷиноятҳои содиршуда ҷазои муносиб дода шудааст.

UZNEWS хабар дод, ки суд Н.Содиқовро ба 20-сол, О.Свиридовро ба 17 солу 3 моҳ, А.Ергашевро ба 18 солу 1 моҳ, Ш.Собироваро ба 17 солу 1 моҳ, Г.Авакянро ба 5 солу 3 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Абдураҳмонов ва Тешабоев бинобар гузаштани мӯҳлати даъво аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here