Расонаҳои русӣ аз суқути як ҳавопаймои мусофирбари хурд дар Шарқи Дури Русия хабар доданд, ки дар ин ҳодиса 8 сарнишин ҳавопаймо кушта ва як кӯдак низ захмӣ шудааст.
Бино бар гузориши хабаргузории «Интерфкс», ин ҳавопаймо 9 сарнишин, аз ҷумла як кӯдаки 4-сола ва ду халабон дошт, ки 8 нафар аз сарнишинони он, ба ҷуз аз кӯдак, кушта шудаанд ва ин кӯдак низ дар бемористон бистарӣ аст.
Ҳавопаймо натавонистааст, ки бо маркази назорати ҳамлу нақли ҳавоӣ иртибот барқарор кунад. Ҳавопаймо дар ҳоле, ки кӯшиш кардааст фуруд ояд, аз сафҳаи радар хориҷ шудааст. Ин ҳодиса соати 1:30-и бомдод ба вақти маҳаллӣ (3:30 ба вақти Гринвич) иттифоқ афтодааст. Ҳавопаймое, ки суқут кардаааст як ҳавопаймои думотораи «Let L-410» будааст. Баъди суқут ҳавопаймо оташ нагирифтааст.