Хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд дар нуҳ моҳи соли равон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ ва як қатор олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.

Аз ҷумла, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ 327 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят ширкат варзида, аз онҳо 139 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардидаанд.

Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ ва фосилавӣ 214 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд. Аз ин теъдод 11 нафар ғолиби олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва 161 нафар ғолиби олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ мебошанд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар вилоят беш аз 900 муассисаи таҳсилоти умумӣ мавҷуд буда, дар онҳо 533 692 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here