Нависанда  Стивен Кинг бар он бовар аст,  одамони зиёд баробари вусъат ёфтани  коронавирус эҳсос карданд, ки дар яке аз асарҳои “даҳшактнок”  қарор доранд. Ӯ таассуф хӯрд, ки чунин иттифоқ афтод, овардааст ОИР “Новости”.

“Муқобала” ном романи нависанда дар жанри постапокалипсис (охируззамонӣ) эҷод шуда,  оид ба як  пендемия, ки соли 1978 зуҳур кардааст, нақл мекунад. Чанде пеш оҷонсии иттилотии  NPR  аз муаллиф дар доираи як мусоҳиба пурсидааст, “дар ҳаёти воқеӣ  ба ҳолате вохӯрдед, ки ба сюжети офаридаатон наздикии беш дошта бошад?”.

— Бале, одамон ба ман мегӯянд: “ Эҳ, мо гӯё ки ба китоби Стивен Кинг афтодем”. Ягона ҷавоби ман ба онҳо: “Хеле мутаассифам”, — шарҳ додааст муаллиф.

Ӯ талош дорад, коронавирус ва “суперзуком”-ро, ки маҳсули эҷодаш  аст, ба ҳам қиёс кунад. Ба ҳисоби вай, “пандемия бояд рух медод”.

Кинг дар қарантин аст, вақти зиёдашро барои эҷоди китоби нави худ сарф мекунад. Ӯ гуфтааст, ки нигорандагӣ воситаи хубест, ки аз ваҳму ҳарос эмин бимонад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here