Ин созмони байналмилалӣ барои озод намудани блогнависи ӯзбек Нафосат Оллошукурова, ки гуфта мешавад, аз охири моҳи сентябри соли равон ба ин сӯ иҷборан дар бемористони касалиҳои равонии шаҳри Урганҷи вилояти Хоразм бистарист, як маъракаи доманфарох роҳандозӣ карданист.

Созмони “Афви байналмилал” аз Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  дархост кардааст, ки Нафосат Оллошукуроваро аз бистарии иҷборӣ озод кунад. Ин созмон аз хоҳишмандон даъват кардааст, ки ба ин маърака пайванданд.

Нафосат Оллошукурова бо тахаллуси Шабнам Оллошукурова дар чанд соли охир мавзӯи нақзи ҳуқуқи зан дар кишварашро тавассути саҳифаи фейсбукии худ мониторинг мекард. Вай ба иштирокчиёни як раҳпаймоии осоишта ҳамроҳ шуд, ки аз Хоразм ба Тошканд мерафтанд ва ҳадафашон озодии шоир ва журналист Маҳмуд Раҷаб буд. Дар ин ҳангом ӯ  боздошт гардид ва барои муолиҷа ба бемористони касалиҳои равонӣ интиқол ёфт.

Нафосат Оллошукурова дар саҳифаи фейсбукии худ аз оғозаш ин раҳпаймоиро инъикос мекард. Мусоҳибаҳо бо иштирокчиёни раҳпаймоӣ, ҳамчунин бо кормандони умури интизомӣ ва ниҳодҳои маҳаллӣ муҳтавои маводи ӯро ташкил мекарданд.

Афви байналмилал гуфтааст, ки дар ҷараёни ин раҳпаймоӣ боз 13 нафар боздошт шудаанд.  Ин дар ҳолест, ки қавонини Ӯзбекистон боздошти зани кӯдаконаш хурдсолро манъ кардааст. Нафосат Оллошукурова соҳиби ду кӯдак мебошад. Барои ҳамин ӯро аввал барои даҳ шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ муҷозот карданд. Пас, 26 сентябр барои ду моҳ ӯро дар бемористони касалиҳои равонии шаҳри Урганҷ иҷборан бистарӣ намуданд.  Гуфта мешавад, ки вай даст ба худкушӣ задааст ва ҳамин иқдоми вай боиси муолиҷаи иҷбориаш гаштааст.

Фаъолон ва тарафдорони “Афви байналмилал” аз Президент Шавкат Мирзиёев   дархост кардаанд, ки Нафосат Оллошукуроваро озод кунад ва чораҷӯӣ низ намояд, ки дар бемористон аз тариқи иҷборӣ вайро муолиҷа накунанд, баракс агар хоҳиш дошта бошад, барояш кумаки тиббӣ расонанд.

Гуфта мешавад, чанде муқаддам намояндагони ҳуқуқи башари Парлумони Ӯзбекистон (Омбдусмен) Нафосат Оллошукуроваро аёдат карданд ва эътимод ҳосил намуданд, ки вазъияти равонии вай мӯътадил аст. Ҳамчунин метавонад озодона вориди мулоқот шавад. Дар ҷараёни ин бозид Нафосат Оллошукурова гуфтааст, ки кормандони муассисаи тиббӣ ба вай хеле хуб муомила мекунанд ва ҳеч гуна таъсири ҷисмонии кормандони тиббӣ низ қарор нагирифтааст.

Бино ба вакилони Омбдусмени Ӯзбекистон Нафосат Оллошукурова аз амалҳои ахири худ ибрози пушаймонӣ намудааст, ки боиси ба ҷазои маъмурӣ кашида шудани вай гардидаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here