31-уми октябри соли равон бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа ба муносибати Раёсати даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Созмонҳоии ҳамгироӣ дар Осиёи Миёна: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Ин конфронс ба муносибати интихоб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси раиси Шӯрои cарони давлатҳои ИДМ баргузор гардид.
Дар конфронс олимон, донишмандон ва коршиносони шинохта, аз ҷумла, директори Институти иқтисод ва демографияи АИ ҶТ Саидмуродов Лутфулло, сиёсатшинос, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, иқтисодшинос Ҳоҷимаҳмад Умаров ва дигарон ширкату суханронӣ карданд.
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо қайд кард, ки ”имрӯз мушкилоти ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ба бархурди манфиатҳои қудратҳои минтақвию ҷаҳонӣ рӯ ба рӯст. Бо он ки муносибатҳои ин давлатҳо рӯз то рӯз ба ҳам наздик мешавад, боз ҳам дар ин ҷараён ҳастанд созмонҳое, ки манфиатҳои онҳо ба ҳам намеояд”.
Доктори илмҳои таърих Н. Мирзоев дар навбати худ гуфт, ки “мо ба Хитой таваҷҷуҳ дорем, ки он кишвари абарқудрати тараққиёбанда аст, Хитой метавонад барои тараққиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ ёрии молӣ расонад, Хитой узви СММ аст ва дар лаҳзаҳои зарурӣ метавонад, ки кишварҳои Осиёи Миёнаро, аз ҷумла Тоҷикистонро дастгирӣ кунад”.
Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки имрӯз Хитой ва Русия дар Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ як назар доранд. Умумияти дигари Русия ва Хитой дар Осиёи Марказӣ он аст, ки онҳо мехоҳанд, пеши роҳи терроризм, радикализми исломӣ гирифта шавад ва то ҳадде ҳаракатҳои сепаратистӣ аз байн бардошта шавад.