Тибқи иттилои прокурори калони шуъбаи назорати тафтишоти пешакии Прокуратураи вилояти Хатлон Исматулло Расулов соли 2017 дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 173 ҳолатҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҳаёт ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, аз шумораи афроде, ки даст ба худкушӣ задаанд, 95 ҳолати онро занон ва 78 ҳолати дигарро мардон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 27 нафар ноболиғ буда, аз онҳо 11 нафар духтар, 15 нафар писар ва 24 нафари дигар хонандаи муассисаҳои таълимӣ мебошанд. Гуфта шуд дар соли 2017 бештар занон ба худкушӣ даст задаанд, ки онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Вахш ва Дӯстӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, омилҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон, муноқишаҳои оилавӣ, хушунати хонаводагӣ, паст будани шароити зиндагӣ, авҷ гирифтани бемории руҳӣ ва паст задани шаъну эътибори якдигар маҳсуб меёбад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here