Дар шаш моҳи соли равон аз вилояти Хатлон 82 ҳазору 876,6 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7193,8 тонна зиёд аст.
Сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки аз ин миқдор маҳсулот 14414,6 тоннааш тавассути нақлиёт, тайёра ва 68,462 тоннаи дигар тариқи роҳи оҳан ба кишварҳои хориҷа содирот карда шудааст, ки ин 92,1 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшуда 80472,8 тонна сабзавот, аз он 80421,8 тонна пиёз, 59,8 тонна полезӣ, 2308,0 тонна мевагиҳо ва 36 тоннаро дигар маҳсулот ташкил медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон асосан ба кишварҳои Русия, Литва, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот карда шудааст.
— Ҳоло содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад, — гуфт Амирбеки Темур.