Коршиносони масоили иқтисоди рӯзи 8-уми март ба Созмони мамлакатҳои содиркунандаи нефт (СМСН — ОПЕК) ҳушдор додаанд, ки бо сабаби вусъат ёфтани коронавирус арзиши нефт дар дунё коҳиш хоҳад ёфт.

Ин ҳушдори коршиносон дар ҳоле аст, ки рӯзе қабл вазири энергетикаи Русия Александр Новак дар ҷаласае бо иштироки нӯҳ кишвари  узви СМСН дар Вена аз коҳиши 30 дарсадии арзиши нефт ва тақсими бозори фурӯши он гуфт. Дар ин бора Оҷонсии иттилоотии Ал-Ҷазира гузориш додааст.

— Мо зарбаи бузургтаринро дар таърихи бозорҳои нефтӣ дар шаш моҳи оянда  пешгӯӣ мекунем. – гуфтааст ноиби президенти HIS Markir Роҷер Диван. – Ин тобистон мо бӯҳронеро мебинем, ки то ду соли оянда дар бозори ҷаҳонӣ таъсири худро хоҳад расонд.

Арабистони Саудӣ бузургтарин кишвари тавлидкунандаи нефт дар СМСН ба таври таъҷилӣ изҳор кард, ки бозори фурӯши худро бо тахфифи нархи гарон барои интиқоли нефти хом, ҳимоя хоҳад кард. Рӯзи сешанбе интизор меравад, ки Шоҳигарӣ якбора гарон шудани маводи худро дар моҳи апрели соли ҷорӣ, барои муштариён эълон кунад.

Кишварҳои содиркунандаи нефт тавлили худро аз 1,5 миллион бушкаи шабонарӯзӣ ба 2 миллион бушка баробар хоҳанд кард. Ин тағйироти қатъӣ дар замоне сурат мегирад, ки сустшавии иқтисодиёт бо сабаби эпидемияи коронавирус ба амал омадааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here