Ҳамасола 10-уми декабр дар саросари дунё, ҳамчун рӯзи байнанмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат 10 декабри соли ҷорӣ дар маркази захиравӣ-иттилоотии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, фестивал таҳти унвони “Ҳуқуқи инсон” (Human  rights fest) баргузор шуд. Дар он мутаххасисони бахши ҳуқуқ, кормандони ниҳодҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон, донишҷуёни риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои кишвар иштирок карданд. Фестивал бо намоиши расмҳо, роҷеъ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки аз ҷониби толибилмон таҳия шуда буд, оғоз ёфт.

Дар қисмати дуюми фестивал, видиогузоришҳои омодакардаи ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бобати хушунати хонаводагӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд. Роҳбари ташкилоти номбурда Дилрабо Самадова зимни баромадаш иброз дошт, ки гарчанде  алайҳи хушунати оилавӣ аз тарафи мутахассисон мубориза ва назорат ҷоннок гардидааст, ҳанӯз ҳам дар баъзе хонаводаҳо ин падида ҳамчун анъана таҷриба  карда мешавад.

— Аз ҳама зиёдтар дар ин миён занҳо ранҷ мекашанд, лекин онҳо доир ба  ин амал бетараф набуда, шикояти худро  ба мақомоти дахлдор пешниҳод мекунанд. Дар наздиктарин фурсат нисбати афроди бавуҷудоварандаи хушунати хонаводагӣ ҷазои ҷиноӣ  татбиқ карда мешавад, — таъкид намуд Дилрабо Самадова.

Маҳкамзода Маҳкам

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here