Ки инро ба онҳо фармон дода бошад маълум нест, аммо дақиқ шудааст, ки ин корро ба ғайр аз дузди ҳирфаӣ дигар кас накардааст.
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб мактуби роҳбарияти Филиали ҶСК “Тоҷиктелеком”-и шаҳри Кӯлоб ворид шудааст, ки охирҳои моҳи майи соли 2018, тахминан соати 01:30, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз маҳаллаи Борбади шаҳри мазкур 70-метр ноқили тамғаи “ТПП-300х2”, ки арзиши умумиашон 13 ҳазору 816 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.