Нимаи якуми имрӯз, 24-уми сентябр, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров Раиси гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея бо МНМО ҶТ КИМ Сонг Тэ ва ҳамроҳони ӯро барои мулоқот пазируфт. Дар ин бора Мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МН Муҳамадато Султонов ба «Фараж» хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқоти судманду самимӣ меҳмононро хайру мақдам гуфта, аз дастовардҳои кишвари дӯсти Корея изҳори хушҳолӣ намуд.

Ҳамчунин, раиси Парламенти кишвар гуфт, ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Корея рӯз то рӯз аҳамияти бештар касб намуда, ин тамоюл дар дурнамои наздик ба эҳтимоли зиёд чунин боқӣ хохад монд.

Бо боварӣ гуфта шуд, узвияти Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо сатҳи ҳамкориҳоро васеъ намуда, низоми савдои хориҷии кишвар шаффоф ва монеаҳои маъмурию техникӣ батадриҷ бартараф ҳоҳанд гашт.

— Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея метавонанд бо сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ-обии хурду бузург ва хатҳои интиқоли барқ ва ҳамзамон дар интиқоли он ба кишварҳои дигар нақши фаъол дошта бошанд. Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея дар татбиқи технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гунгогуни ичтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ метавонад мавриди омӯзиш ва истифодаи сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирад,- гуфт Зуҳуров.

Раиси МНМО ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ташкили намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии Корея дар Тоҷикистонро ниҳоят муфид арзёбӣ кард ва кушодани Дафтари Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро дар Тоҷикистон қобили дастгирӣ донист.

Шукурҷон Зуҳуров дар анҷоми мулоқот ба зиёд намудани бурсияҳои таҳсилиро ба донишчуёни тоҷик дар чорчӯбаи барномаи бурсиявии глобалии Корея (Global Korean Scholarship) таъкид намуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here