Вакили дифои тоҷик Шуҳрат Қудратов, ки дар Маскав ба кор шуруъ кардааст, бо як муроҷиат ба муҳоҷирони ҳамватани худ паём дод, ки омода аст барои дифои ҳуқуқҳояшон аз онҳо намояндагӣ кунад.
Ин вакил, ки тақрибан як сол пеш аз зиндон озод шуда буд, дар муроҷиати худ тариқи Фейсбук навишт: «Мутаассифона дар Ватан пайдо кардани кор бароям мушкил буд. Бисёрии корхонаҳо ва ҳатто ташкилотҳои байналхалқиву ҷамъиятӣ, ҳарчанд озмуни ҷои кор эълон мекарданд, ё барои ягон лоиҳаашон машваратчӣ мехостанд пайдо кунанд ва ман ба ҳамаи меъёрҳои кориашон дуруст меомадам, барои ба кор гирифтани ман ҷуръат намекарданд”.
Кударатов мегӯяд, ки бо гузашти 9 моҳ кор пайдо накардааст ва бисёре аз корфармоён аз ӯ хостаанд, ки хоҳиши радашонро бад қабул накунад, зеро “шароит чунин аст”.
Ба гуфтаи ӯ дар оилааш танҳо ҳамсараш кор мекардааст ва таъмини 5 нафар барои ӯ гарон будааст. Аз ин рӯ барои пайдо кардани кор тарки ватан кардааст ва дӯстонаш аз шумори муҳоҷирони тоҷики Русия ба ӯ пешниҳод кор дар Маскавро кардаанд. “Ҳоло дар шаҳри Маскав ба ҳайси ёвари адвокат кор ва фаъолиятро шуруъ кардам, — навиштааст Қудратов. — Ба шумо (муҳоҷирон) муроҷиат карда, гуфтаниам, ки дар Маскав омода ҳастам барои ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва муҳоҷирони тоҷик ҳамчун адвокат ва ҳомии ҳуқуқ хизмат кунам”.
Шуҳрат Қудратов аз вакилони тоҷик аст, ки бо иттиҳоми ришвахорӣ соли 2015 ба муддати 3,8 сол зиндонӣ шуд.