Шоҳзода Дина Миред дар як паёмаш аз ҳамаи кишварҳо тақозо кардааст, ки ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро ҳимоя кунанд, то онҳо имкон дошта бошанд аз бемориҳо орӣ зиндагӣ кунанд. Шоҳзода ишора кардааст, ки ҳама бемориҳое, ки аз истифодаи тамоку сар мезананд, бояд назорат карда шавад.

Дина Миред шоҳзода аз хонаводаи салтанатӣ аст, ки солҳо ба бемории саратон ва ангезандаи ин беморӣ мубориза мебарад ва паёми видеоии ӯ, ки миёнаҳои моҳи март дар шаҳри Бухарести Руминия сабт шуд, тоза ба дасти хабарнигорон расидааст. Дар навор ӯ ҳушдор медиҳад, ки бояд ба муқобили саратон ва истифодаи тамоку мубориза баранд: “Пеш аз ҳама, саратон бемориҳои қалб, бемориҳои роҳи нафас, бемории қанд ва ҳоказо. Яъне, даъвати ман ба ҳамаи кишварҳо мушаххасан ин аст, ки муҳити созгореро ба вуҷуд оранд, то кӯдакони мо аз доми саноати тамокубарорӣ бо ҳама тарғиботи марбута ва усулҳои маккоронаи он озод ба воя расанд. Амалан онҳоро бояд аз ин дом кашида гирифт. Агар ҳамаи кишварҳо ҳар як хати муоҳидаи байналмилалӣ доир ба назорати тамоку ва Барномаи ваколатдиҳандаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро дар ин чаҳорчӯба риоя кунанд, андозбандии дурустро ба роҳ монанд, фоидаи иловагӣ хоҳанд гирифт. Пас, чун маблағи бештареро ба даст меоранд, онро метавонанд барои ҳифзи тандурустӣ ва маориф сарф намоянд. Агар корҳо дуруст ба роҳ монда шаванд, метавон пеши ин роҳро гирифт. Амалан андозбандии дурусти саноатӣ тамокубарорӣ ва боло бурдани нархи сигор то ҳадде, ки ба талабот таъсир расонад, то имрӯз чун як усули санҷидашуда эътироф гардидааст, ки ҳар кишваре аз он истифода карда метавонад”.

Шоҳзода Дина Миред, аввалин мусулмонзан аст, ки ба мансаби пешвоӣ, ҳамчун роҳбари ифтихорӣ интихоб шуда, бар зидди бемории саратон мубориза мебарад. Ӯ собиқ мудири кулли ширкати захираи саратон ба номи шоҳ Ҳусейн мебошад.

Шоҳзода дар форуми байналмилалии оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонии озод аз тамоку рӯзи 26-уми март дар шаҳри Бухарести Руминия ширкат кард. Ӯ бо хабарнигори тоҷик суҳбат карда, гуфт, ки дар бораи ваъзияти истеъмоли тамоку дар Тоҷикистон огоҳии зиёд надорад, вале медонад, ки зарари тамоку ба ҷаъмият ва мардум хело зиёд аст ва ангезандаи бемории саратон мебошад.

Дар ин форум дар баробари даҳҳо олим, намояндагони созмонҳои ҷаъмиятӣ, профессорону хабарнигорон як хабарнигори тоҷик низ ширкат дошт, ки мавзӯи хатари истеъмоли тамокуро дар расонаҳо бозтоб медод.

Конфронс бо ширкати Клаус Иоҳаннис, президенти Руминия оғоз шуд ва чанд рӯз идома карда, кишварҳое, ки дар он бештр тамоку истеъмол мешавад, дар конфронс суҳбат карда, роҳҳои пешгирӣ аз истеъмоли тамокуро матраҳ намуданд.

Анка Тома роҳбари як созмони байналмилалӣ, ки бар зидди тамоку мурбориза мебарад, дар суҳбат бо хабарнигори тоҷик гуфт, ки онҳо агарчӣ дар бораи истеъмоли тамоку дар Тоҷикистон маълумоти зиёд надоранд, вале омореро дар бораи марги инсонҳо аз истеъмоли тамоку зикр кард.

“Истифодаи тамоку ҳар сол ҳаёти 7 миллион инсонро барҳам медиҳад. Ин бештар аз кори як қотил аст. Ин даҳшатовар аст, 7 миллион нафар ин аҳолии як мамлакати хурд дар Аврупо буда метавонад. Ва ҳамин тавр, ҳар сол як мамлакат маҳв мегардад. Ва агар назорати истифодаи тамоку хуб ба роҳ монда шавад, ҳама ин куштор пешгирӣ карда хоҳад шуд. Ҳар нафари онҳо метавонистанд зинда монанд. Инсонҳо бо сабаби маводи хуморорандае, ки аз ҷониби саноати ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад, мефавтанд. Ин гуна мавод  дар бозор ба насли хеле зиёд ҷавон пешниҳод мегардад. Ҷавононе, ки сигор кашиданашон ҳоло барвақт аст,  дар натиҷа онҳо бероҳа мешаванд, хуморӣ мегарданд, бемор мешаванд, муддати зиёд азият мекашанд ва 10-14 сол аз  ҳисоби миёнаи дарозумрӣ барвақттар мефавтанд. Ин бохти зиёди ҳаёти инсонҳост. Танҳо дар Иттиҳоди Аврупо 70%-и тамокукашон ин корро то 18-солагии худ оғоз кардаанд ва 95% то 24-солагӣ ба ин кор даст задаанд. Яъне, қариб ҳама тамокукашонро дарбар мегирад. Ҳамин тариқ, ин рақамҳо баёнгари фурӯши тамоку ба кӯдакон аст”.

Формуми байналмилалӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалии мисли “CAMPAICN for TOBACCO- FREE Kids” баргузор шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here