11 нафар аз варзигарони Тоҷикистон аз 24 то 26-уми октябр дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam-2019» дар намуди ҷудо, ки дар шаҳри Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқи ҷаҳонӣ ширкати 603 паҳлавон, аз ҷумла 351 мард ва 252 зан аз 104 кишвари сайёра дар назар аст. Дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии  Тоҷикистонро 11 варзишгар даҳ мард ва як духтар дар намуди гуштии ҷудо намояндагӣ мекунанд. Варзишгарон дар баробари соҳиб шудан ба медалу ҷоизаҳои мусобиқа барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпии Бозиҳои олимпии Токио мубориза мебаранд.

Тоҷикистонро дар байни мардон Муҳаммад Маҳмадизода -60 кг, Меҳрзод Суфиев -60 кг, Ёқубҷон Боқиев -66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода -73 кг, Акмал Муродов -81 кг, Ҳақназар Назаров -81кг, Комроншоҳи Устопириён -90 кг, Саидҷалол Саидов -100 кг, Шакармамад Мирмамадов +100 кг, Темур Раҳимов +100 кг намояндагӣ мекунанд. Ягона намоянда аз ҷинси занон аз Тоҷикистон Шоҳида Қаландарова аст, ки дар вазни -63 кг мубориза хоҳад бурд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here