Кормандони нигаҳдории роҳҳо (ДЭУ)-и ноҳияи Фирдавсии Душанбе ба faraj.tj шикоят аз он карданд, ки дар арафаи соли нави мелодӣ ба кормандони нигаҳдории роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансур ба маблағи 300-400 сомонӣ мукофотпулӣ аз ҷониби фонди захиравии ноҳияҳо ҷудо карда шуд, вале ба онҳо ин маблағро то ҳол надодаанд.
Сокини ноҳияи Фирдавсӣ Бекова Сафаргул, яке аз корманди нигаҳдории роҳҳо дар суҳбат бо мо чунин гуфт: “Мо аз корамон розӣ ҳастем, вале аз раисҳоямон не, чунки дар вақташ маошамонро намедиҳанд. Дар арафаи Соли нав бояд ба мо мукофотпулӣ медоданд, вале аз он то ҳол хабаре нест. Ин ҳаққи мо аст, меҳнат мекунем, ҳама корҳоро анҷом медиҳем. Трактор, зоғнӯл, ҷорӯб ва дигар асбобҳои корӣ сари вақт дода намешавад. Ба раиси ноҳия борҳо навиштаем, аммо то ҳол ҷавобе нест”.
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, баъди ба кор омадани раиси нави ноҳия корашон бад шудаасту беҳ не. Ӯ афзуд: “Аз рӯи соати корӣ мо бояд 8 соат кор кунем, вале баъзан то соати 6-8-и рӯз кор мефармоянд. Дар соли нав ба кормандони нигаҳдории роҳҳои н. Сино 300-400-сомонӣ мукофотпулӣ доданд, вале ба мо то ҳол мегӯянд, ки сабр кунед, аммо сабр то ба кай? Ҳамаи мо гуфтан мехоҳем, аммо метарсем, чунки аз кор пеш мекунанд”.
Яке аз мутасаддиёни Раёсати нигаҳдории роҳҳои ноҳия Раҳмонов Абдулло дар суҳбат бо мо чунин гуфт: “Аз рӯи низомнома 8 соати корӣ ва аз рӯи 8 соат маош медиҳем. Ва мукофотпулие, ки дигар ноҳияҳо гирифтаанд, он аз рӯи фонди захиравии ноҳия дода шудааст. Дар раёсати мо фонди захиравӣ нест, чунки штатҳои мо ҳама пуранд, вакансияи ҷойи холӣ нест”.
Ҳамзамон, номбурда афзуд: “Аз тарафи иттифоқи касабаи ноҳия кормандонро ба осоишгоҳҳо равон мекунем. Аммо кормандон мегӯянд, ки ин ба ҳар кас насиб намешавад. Ҳастанд одамоне, ки 15 сол кор карда истодаанд, аммо боре ҳам барои истироҳат фиристода нашудаанд”.
Як корманди дигари нигаҳдории роҳҳои ноҳия Бекова Моҳшариф ба МТЖТ омада, чунин шикоят кард: “Ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур мукофоти пулӣ бо маблағи 300-400-сомонӣ гирифтанд, аммо ба мо надоданд, ин пулҳо куҷо мераванд, номаълум. Сари вақт асбобҳои даркориро намедиҳанд. Рӯзе,ки бемор мешавӣ, ҷавоб медиҳанд, мегӯянд асбобҳои даркориро биёр. Ман фикр мекунам, назар ба дигар ноҳияҳо, зулм дар ноҳияи Фирдавсӣ бисёр аст. Гунаҳгори асосӣ дар инҷо раис не, ҳамон прораб аст. Рӯзе раис ҷавоб диҳад, прораб мегӯянд не “хар борин кор мекунанд, маош мегиранд”. Прораби нави мо Бобошеров Олим дашномҳои қабеҳ медиҳад ва бисёри занҳоро гирён мекунад ва мегӯяд, ки рафта ҳар куҷое шикоят мекунед, кунед, ман дар болои сарам раису таға дорам. Мо бояд дар 1 сол ду маротиба либос гирем, дар як маротиба медиҳанд. Хизматрасонии нақлиётиашон рӯзона аст, барои шабона не, мегӯянд сӯзишворӣ нест, аз ҳукумат ҷудо нашудааст. То ҷое, ки мо мебинем, машруткаҳои №30-и Гулбутта аз сӯзишвории раёсати мо таъмин аст, дуздида мефурӯшанд”.
Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати мо гуфт, ки он шумораи кормандоне, ки бояд штатӣ кор кунанд, аз будаш зиёд нишон дода шудааст, вале дар асл қариб нисфи онҳо кор намекунанд. “Аз рӯи штат 72 нафар аст, лекин 72 нафар дар кор нест, 50 нафар аст, 22 нафари онро мехӯранд, то 60-нафара агар ягон тафтиш шавад, мебароранд. Одаме аст бо номи Шаҳноза, 1 сол шуд нест, аммо пулашро мегирад, мегӯянд вай дар декрет аст. Мо медонем, ду Шаҳноза аст, пули онҳоро мегирад, онҳо пули ин коргаронро байни худ тақсим мекунанд”.
Аммо сардори шуъбаи кадрҳо Шокиров Абдукарим дар суҳбат бо мо гуфт, ки ин иддаоҳо дугӯғ ва беасос аст: “Аз рӯзе, ки ман ба кор омадам, ҳамаи ин корҳои ғайриқонуниро шикаста, аз рӯи қонун кор мекунем. Ҳастанд дар байнашон як-ду зани шикояткунанда, ки гапҳои онҳо асос надорад”.
Чандин маротиба кӯшиш кардем бо сардори ин корхона Ҳоҷиев Искандар Холмуродович суҳбат кунем, вале номбурда “корам бисёр аст” гуфта, баҳона ҷӯст.
Нури Саид